Маълумоти охирин

Печ

Печ (Рecs), шаҳрест дар Венгрия, дар назди доманаи ҷанубии кӯҳҳои Мечек. Маркази маъмурии медёи Бараня. Аҳолиаш 163 ҳазор нафар (1976). Узели муҳимми нақлиёт ва маркази саноат. Дар наздикии Печ ангишт истихроҷ мекунанд, стансияи элект­рии олавӣ сохта шудааст.

Корхонаҳои мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ (пиво, вино ва ғайра), фабрикаҳои чарм ва тамоку, заводи химияи кокс мавҷуданд. Махсусан истеҳсоли маснуоти сафолӣ ривоҷ ёфтааст. Университут, институти тиббӣ, театру музейҳо дорад. Дар Печ ёдгориҳои меъмории асрҳои миё­на боқӣ мондаанд. Шаҳр қариб ду ҳазор сол пеш бунёд ёфтааст.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

rasht

БОЛОШАҲР

БОЛОШАҲР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт. Аз Болошаҳр то маркази ноҳия 24 …