Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пазирик

Пазирик

Пазирик, гурӯҳи пуштаҳои калонест дар мавзеи Пазирик, соҳили рости дарёи Улагани Калон дар территорияи pайони Улагани Вилояти Автономии Кӯҳистони Олтой. Қабрҳои пешвоёни авлод ё қабила мебошанд, ки асосан асрҳои 5—4 то  сохта шудаанд (ба фикри баъзе муҳаққиқон дар асри 3 то милод). Соли 1929 (М. П. Грязнов ва С. И. Ру­денко) ва солҳои 1947—49 (С. И. Ру­денко) тадқиқ шудааст.

Дар Пазирик чу­қурии росткунҷаи қаъраш то 4 милод ва масоҳаташ қариб 50 кушода шуд, ки  гӯрҳои баландиашон то 2 милод дошт. Девори гӯрҳо бо пӯсти дарахти тӯс, буттаҳо ва ғӯлачӯбҳо рӯкаш карда шудаанд. Дар натиҷаи хеле баланд будани мавзеи Пазирик ва хусусиятҳои иқлим дар зери пуштаҳо яхбандӣ ба вудуд омада, ҳамаи чизҳои қабр, аз чумла мадфунони мумиёӣ ва ҷасади аспҳоро нағз нигоҳ дошт.

Маснуоти чӯбй, бофандагӣ, намадӣ, мӯина ва чарми (либос, асбоби рӯзгор, воситаи нақлиёт ва ғайра) хуб боқӣ мондаанд. Бозёфтҳо дар бораи сохти атролологӣ ва маданияти мадфунон маълумоти пурра медиҳанд. Дар байни бозёфтҳо қолини патнок ва матоъҳои пашмини халқҳои Осиёи Пеш, матои кашидадӯзишудаи абрешимии Хитой диққатҷалбкунандаанд. Онҳо дар бораи робитаҳои маҳалии аҳолии қадими Олтой шаҳодат медиҳанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …