Маълумоти охирин

Пайза

Пайза, пайдза, пайзе, нишони расмиест, ки хонҳои муғул ба чопарҳои худ медоданд. Мувофиқи маълумоти муаррих Рашидуддин дар аҳди Чингизхон ва ворисони ӯ — Уқтой (1229—41), Гуюк (1246—48), ба феодалону савдогарон дода мешуд.

Пайзаро аз тилло, (нуқра, мис ё чуб месохтаанд ва аҳолӣ маҷбур буд, ки дорандаи Пайзаро бо хӯрок, ҷои хоб, аспашро бо хошок таъмин намояд. Пайза инчунин вазифаи гувоҳнома ва рухсатномаро адо мекард. Археологҳо якчанд нусхаи пайзаҳоро дар ҳудуди СССР, Республикаи Халқии Муғулистон ва Республикаи Халқии Хитой ёфтанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …