Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвасти пай дар пай

Пайвасти пай дар пай

Пайвасти пай дар пай дар электротехника, 1) пайваста­ни элементҳои дуқутбаи занҷири электрист, ки аз онхо ҷараёни бу­зургиаш якхела мегузарад. Пайвасти манбаъҳои энергияи электрро барои ҳосил кардани шиддате, ки аз ҚЭҲ-и як манбаъ зиёд мебошад, истифода мебаранд. Дар вақти ба хам пай дар пай пайвастани истеъмолкунандагони ҷараён дар онҳо шиддат таносубан ба муқовӣмат тақсим мешавад.

Ҳангоми аз занҷир ҷудо кардани як элемент ҷараён дар тамоми занчир қатъ мегардад. 2) Пайвастани элементҳои чорқутбаи занҷири электрист, ки шиддат ва қувваи ҷараён дар «содира»-и чорқутбаи аввала мувофиқан ба шиддат ва қувваи ҷараён дар «ворида»-и чорқутбаи со­нӣ баробаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …