Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвасти параллел дар электротехника

Пайвасти параллел дар электротехника

Пайвасти параллел дар электротехника, пайвастани элементхои дуқутбаи занҷири электрист (истеъмолкунандаҳои худ манбаъҳои энергияи электр), ки ба қутбҳояш шиддати бузургиаш якхе­ла таъсир мекунад. Пайвасти параллел асоситарин усули васл намудани истеъмолокунандаҳои энергияи электр мебошад.

Дар вақти Пайвасти параллел аз занҷир чудо кар­дан ё худ ба занчир пайвастани истеъмолкунандаҳои чудогона кори истеъмолкунандагони дигарро халалдор намекунад. Қувваи чараён дар занҷирҳое, ки параллел пайваста шудаанд ва худашон манбаи ҚЭД надоранд, ба муқовимати ноқилхо чаппа мутаносиб аст. Дар Пайвасти параллел ҳа­маи қувваи ҷараён ба чамъи қувваи ҷараёни ҳар яки шохаҳо (барои ҷараёни доимӣ — суммаи алгебравӣ, барои ҷараёни тағйирёбанда — сум­мам векторӣ) баробар acт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …