Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастҳои сиклӣ

Пайвастҳои сиклӣ

Пайвастҳои сиклӣ, пайвастҳои тасалсул, пайвастҳои химиявие (асосан органикӣ), ки молекулаашон аз як ё якчанд ҳалқа (ба истилоҳ сикл ё ядро) иборатанд, ки дар яке 3 ё аз ин ҳам зиёд атом дорад.

JCH

сн,       н,с—сн,          нс хсн

н,с—сн, нас^ ^СН, HCV^CH I        сн,       сн

Ҳалқаҳои 5 ва 6- узви аз ҳама маъмуланд, зеро онҳо ба осонӣ ташаккул меёбанд. Пайвастҳои сиклиро вобаста ба табиати атомҳои сиклҳосилкунанда ба пайвастҳои изосиклӣ ё карбосикли (ҳалқаашон танҳо аз атомҳои карбон иборатанд) ва гетеросиклӣ (дар ҳалқаашон ғайр аз ато­ми карбон як ё якчанд атомҳои ди­гар элементҳо низ вуҷуд доранд) ҷудо мекунанд. Ба гурӯҳи якум пайвастҳои алисиклӣ (сиклопропан —  ва сиклопентан—И), пайвастҳои ароматӣ (бензол—III), ба гурӯҳи дуюм оксиди этилен (IV), пиридин (V), тетразол (VI) мансубанд.

Дар Пайвастҳои сиклие, ки серядроанд, ядроҳо аз ҳам ҷудо (масалан, дар стилбен — VII) ё бо як банди басит ба ҳам пайваст мешаванд (масалан, дар дифенил — VIII) ё ки онҳо як (IX) ё ду атоми муштарак доранд (масалан, нафталин — X, декалин —XI). Дар байни Пайвастҳои сикли катенанҳо (XII) гурӯҳи махсусро ташкил медиҳанд. Молекулаи онҳо аз рӯи принсипи силсилаи муқарррӣ (аъзо дар аъзо) пайваст шудаанд. Ба Пайвастҳои сиклии ноорганикӣ баъзе пайвастҳои бор (боразол); фосфор (фосфонитрилхлоридҳо), силисий (сиклосилокеанҳо) мансубанд. Нигаред низ Химияи органикӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …