Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастҳои органикии силисий

Пайвастҳои органикии силисий

Пайвастҳои органикии силисий, пайвастҳои химиявие, ки дар молекулаашон банди силисий- карбон (Si—С) доранд. Пайвастҳои органикии силисий ба гурӯҳҳои зерин чудо мешаванд; 1) органогалогенсилнҳо ё алкил (арил) галогененланҳо RnSiX4_u; органогидридгалогенсиланҳо RnSiHmX4(n + щ) (X —аксар вақт Cl); органоасиоксисиланҳо RnSi(0R/)4_n; органоасилоксисиланҳо RnSii(OCOR,)4_n; органоаминосиланҳо RnSi(NH2)4_n. 2) Органосиланҳо RnSi>H4_n. 3) Органосилоксанҳо R3SiOSiR3, R3SiOSi (R2)OSiR3 ва ғайра; сиклосилоксалҳо (R2SiO) n (n = 3—10, аксар 3—-4). 4) Пайвастҳои гетеросиклӣ, масалан, диметилсиласиклобутан

СНо

(C%)2Si<(       )>СН2

сн2

Пайвастҳои органикии силисийро дар саноат асосан аз таъсири бевоситаи алкилхлоридҳо (ё арилхлоридҳо) ба силисий дар иштироки мис, инчунин реаксиям пайвастҳои металлоорганикӣ, конденсасияи термӣ, дегндроконденсатсия ва ғайра ҳосил мекунанд.

Аксари Пайвастҳои органикии силисий  моеи беранг (танҳо баъзеашон масалан, сиклосилоксанҳо моддаҳои кристаллианд) буда, аз таъсири гармӣ вай­рон намешаванд. Онҳо дар карбогид- ридҳо, карбогидридҳои хлоронидашуда, эфирҳо ва дигар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешаванд. Пайвастҳои органикии силисийро дар истеҳсоли каучук ва маҳлулҳои силисийорганикӣ, тайёр намудани қолабҳои рехтагари ва ғайра ис­тифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …