Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастҳои органикии металлҳо

Пайвастҳои органикии металлҳо

Пайвастҳои органикии металлҳо, пайвастнои химиявие, ки дар онҳо атоми ягон металл бо ато­ми карбон бевосита пайваст шудааст. Пайвастҳои органикии металлҳо аз рӯи банди металл карбон (М — С) ба ду гурӯҳ чудо ме­шаванд: 1) пайвастҳои органикии элементҳои басит (оддӣ) ё худ ғайри мутавассит ва мутавассит (бо карбон банди оддӣ — о банд ҳосил мекунанд); 2) Пайвастҳои органикии элементҳои мутавассит, ки дар он­ҳо банди М—С дар натиҷаи ба орбиталҳои номукаммали d (ё 1)-и металлҳо гузаштани я-электронҳои лигандҳо (СО, карбогидридҳои аро­матӣ, этилени, асетиленӣ, сиклопентадиенилӣ ва ғайра) ба вучуд меоянд. Чунин пайвастхо я-комплекс номида мешаванд.

Алҳол аз Пайвастҳои органикии металлҳо ин гурӯҳи якум ҳосилаҳои Li, Na, К, Rb, Cs, Be, Mg, Ca, Sr, Ba, Zn, Gd, Hg, Al, Ga, Те, Go, Sn, Pb, Sb, Bi, As ва мутавассит Ti, V, Mn, Cu, Ag, Au, Pt пурра омӯхта шудаанд. Хосиятҳои ин пайвастхо аз рӯи сиришти банди М—С, ки он дар навбати худ асосан аз табиати металл (М) ва инчунин аз сиришт ва адади радикалҳои органикие, ки бо атоми металл алоқаманданд, вобаста аст. Масалан, дар Пайвастҳои органикии металлҳои ишқорӣ, ишқорзаминӣ, Zn, Cd, Ai бан­ди M—С сахт поляризасия шудааст, дар зимни ин заряди мусбат қисман дар М ва заряди манфӣ қисман дар С ҷой гирифтааст. Аз ин ҷиҳат аст, ки ин гуна пайвастҳо хеле фаъол буда, аз таъсири об ва оксиген вай­рон мешаванд. Пайвастҳои органикии металлҳои гурӯхи якумро бо усулҳои зерин ҳосил мекунанд:

4) Реаксияи галогеналкил ё гало- генарилҳо бо М: RHal + 2М -► RM + +iMHal, дар ин 40 М — Li, Be, Mg, Al, Ca, Hg ва P., R — радикали алкил ё арил, Hal — галоген.

2) Реаксияи байни галогениди ме­талл ва галогеналкилҳо дар иштироки натрий: Md3+3RCl+3Na-^NaCl+ -fiMRs ва ғайра.

Аксарияти Пайвастҳои органикии металлҳои гурӯхи якум (ғайр аз полимер(Но) дар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешаванд. Пай­вастҳои Hg;, So, Pb заҳрноканд.

Пайвастҳои органикии металлҳо ба реаксияҳои оксидшавӣ, комплексҳосилкунӣ, худ аз худ ок­сиду барқароршавӣ (диспропорсионӣ), дезалкилонӣ дохил шуда, ба моддаҳои органикӣ, С03 ва ғайра таъсир мерасонанд.

Пайвастҳои арилӣ ва аллилӣ ба­рои як қатор металлҳои мутавассит, аз қабили Ti, V, Сг, Mn, Fe, Со, Ni, Cu, Nb, Mo, Ru, Rh, Pd, Та, Pt, Au маълуманд. Онҳо асосан бо роҳҳои зерин ҳосил мешаванд:

 

1) Синтез бо истифодаи реактиви Гриняр (RiMgHal, R = СН3| С2Н3 ва Hal — галоген). 2) Реаксияи комплекҳои анионии металлҳо бо ҳосилаҳои галогении моддаҳои орга­никӣ ва ғайра.

Дар Пайвастҳои органикии металлҳои гурӯҳи дуюм атоми металл бо ҳамаи атомҳом карбони системаи я-электронӣ таъсири мутақобила дорад. Ферросен, дибензолхром, сиклобутадиеноҳантрикарбонил намунаҳои ин гурӯҳи Пайвастҳои органикии металлҳо  мебошаыд. Назарияи классикии валент барои тавсифи химиявии навъи мазкури пайвастҳо ба кор намеояд (нигаред Валент). Омӯзиши мукаммали Пайвастҳои органикии металлҳои гурӯҳи дуюм — л-комплексҳо соли 1951 бо кашфи фер­росен [(я -‘CeHehFe] я-дисигклопентадиении оҳан cap шуда, минбаъд ҳамчун соҳаи алоҳида тараққӣ ёфт. Роҳҳои гуногуни ҳосил намудани л – комплексҳо кашф шудаанд. Тадқиқоти я-комплексҳо дар ҳалли бисёр масъалаҳои химияи органикии назариявӣ, ба монанди инкишофи мафҳуми ароматӣ, бо металлҳои .мутавассит пайваст шудани моддаҳои аз ҷиҳати термодинамики ноустувор (сиклобутадиен, сиклооктатриен ва ғайра), масъалан таутомерияи валентӣ ва умуман банди химиявӣ роли асосиро бозид.

Усулҳои асосии ҳосил кардани я -комплексхо:

  1. Реаксиям байни CsHsNa ва галогениди металлҳои мутавассит.
  2. Реаксиям байни карбонили металлҳо бо олефин ва дигар я-лигандҳо. Аксари я-пайвастҳои металлҳои мутавассит низ аз таъсири обу оксигени ҳаво вайрон мешаванд. Бинобар ин бо онҳо дар муҳити беоксиген — газҳои инертӣ ё нит­рогеи кор бояд кард. Пайвастҳои органикии металлҳо дар синтези органикӣ истифода мешаванд; онҳо дар аксар просессҳои саноати химия беҳтарин катализа­тор ба ҳисоб мераванд. Бисёр Пайвастҳои органикии металлҳо ҳамчун дорувор, моддаҳои анти­септикӣ ва бактерисидӣ, инчунин ба сифати антидетонатори сузишвории моторӣ ва стабилизатори поли­мерҳо истифода мешаванд. Бо ёрии Пайвастҳои органикии металлҳо барои саноати нимноқилқо металлҳои холис истеҳсол мекунанд, парда ва рӯйпушҳои металлӣ меги- ранд.

Оид ба синтез, омӯзиши хосиятҳои химиявию физикӣ ва татбиқи Пайвастҳои органикии металлҳо  дар Университети Давлатии Тоҷикистон ва Институти химияи Академияи Фанғҳои Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Тоҷикистон тадқиқот мебаранд.

Адабиёт: Методы элементоорганической хи­мии, Москва, 1963—65; Химия металлоорга­нических ’ соединений, Москва, 1964; Нот­тов Ф., Уилкинсов Дж., Совре­менная неорганическая химия, том 1—3, Москва, 1969; Грин’ М., Металлоорганиче­ские соединения переходных элементов, Москва, 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …