Главная / Гуногун / Пайвастҳои органикии литийи

Пайвастҳои органикии литийи

Пайвастҳои органикии литий, пайвастҳои химиявие, ки дар молекулаашон банди литий-карбон (Li—С) доранд, чунончи, R—Li (R— радикал). Пайвастҳои органикии литийи алифатй моддаҳои кристаллӣ (R=CH3,G2H5 вар.), моеи релиз (R = н — С3Н7, н — С4НЭ ва р.) ё моддаи зудгудози муммонанд буда, дар карбогидридҳо ва эфирҳо нағз ҳал мешаванд. Пайвастҳои органикии литийП. о. л.-и ароматй модданои кристаллии сафед ё зардтобн дар карбогид- риду эфирно ҳалнашавандаанд.

Пайвастҳои органикии литийро аз литий ва галогеналкилҳо (ё галогепарилҳо) дар муҳити карбогидрид ё эфир ҳосил мекунанд: RX + 2Ы RLi -j- LiX. Пайвастҳои органикии литий хеле фаъол буда, аз таъсири оксиген, на­мӣ ва гази карбонат тез вайрон ме­шаванд. Бинобар ин бо онҳо дар муҳити газҳои инертӣ ё нитрогени хушк кор кардан лозим аст. Дар саноат Пайвастҳои органикии литийро ҳангоми ҳосил кардани каучукҳои бутадиёнӣ ва изопренӣ ҳамчун катализатор исти­фода мебаранд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

payvand

МУҒҶАПАЙВАНД

МУҒҶАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба ниҳоли хасак муғҷаи навъи беҳтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …