Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастҳои органикии фосфор

Пайвастҳои органикии фосфор

Пайвастҳои органикии фосфор, пайвастҳои химиявие, ки дар молекулаашон банди Р—С доранд; ин пайвастҳо аз пайвастҳои дорои банди Р—Э—С (Э—гетероатом, масалан, оксиген, нитроген, сулфур) фарқ мекунанд. П. о. ф. аз рӯй миқдори бан­ди Р—С як (RPH2), ду (R2PH) ва се- чалда (R3P) мешаванд (R — боқимондан органикӣ).

Усулҳои асосии ҳосил кардани Пайвастҳои органикии фосфор инҳоянд: 1. Реаксияи байни галогенидҳо ва оксигалогенидҳои фосфору реактивҳои Гриняр:

(О) iPHal+SRMgHal-*- (О) PR3+ +3ftfgHal,

дар ин ҷо ва минбаъд ҳам Hal — галоген; R — СН3, С2Н5 ва г. 2) Реак­сияи Арбузов:

(RO)bP+R/Hal->’R/PO(OR)2+RHal;

R’—OGGH3 ва г. 3) Реаксияи алкилонии фосфор;

PCU

RCJ+2P RPC124-R2PC1;

4) Реаксияи Пайвастҳои органикии фосфор бо олефинҳо, пайвастҳои карбонилдор ва ғайра.:

(RO) 2РНО+NH3-f СН20-*- —NH2CH2PO (0R)2. Триметилфосфин Р(СН3)3 моддаи бисёр фаъол буда, дар окесигени ҳаво худ аз худ месӯзад. Бисёр Пайвастҳои органикии фосфор  дар хоҷагии қишлоқ ба сифати инсектисидно (карбофос, .метафос, хлорофос ва ғайра), фунгисидно (пиразофос, хилозаи ва ғайра), гербисидно (беисулид, фалон ва ғайра), моддахои танзимкунандаи рушди растанӣ, дар тиб барои муолиҷаи бемориҳои чашм ва баъзе бемориҳон касбӣ, чун манбаъҳои энергия дар системаҳои биологӣ, барои аз маъданҳо чудо кардани уран ва дигар металлҳо, дар истеҳсоли равғанҳон молиданӣ, пластмасса, ҳалкунандаҳо, моеоти гидравликӣ, техникаи сухторхомӯшкунӣ, баъзеи онҳо (зарин, зоман, табун, фосфорилтиохолин) чун моддаҳои заҳрнок истифода ме­шаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …