Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастҳои комплексӣ

Пайвастҳои комплексӣ

Пайвастҳои комплексӣ, пайвастҳои координасион ӣ, як синфи махсуси пайвастҳои химиявиеро гӯянд, ки дар натиҷаи ба ягон ион (ё атом) пайваст шудани молекулаҳои нейтралӣ ё ионҳои дигар ҳосил мешаванд. Пайвастҳои комплексӣ сохти хосе доранд. Масалан, пайвасти аз реак­сияи- Pt£l< + 2КС1 KalPtCle] ҳосилшуда сохти зерин дорад:

Ядрои Пайвастҳои комплексӣ ё худ комплекс аз атоми марказӣ — комплексҳосилкунанда (дар ин ҷо иони Pt4+) иборат аст. Бо атоми марказӣ молекула ё ион­ҳое, ки онҳоро лиганд (ионҳои хлор) мегӯянд, координасия  (робитанок) мепайванд (нигаред Банди химиявӣ), Мувофиқи назарияи банди ковалентӣ комплекси K2[PtCle] бояд PtCl4

  • 2KG1 навишта мешуд. Аммо тадқиқи рентгении таркиб ва омӯзиши хо- сиятҳои химиявию сохти мазкури комплекс, яъне K2[PtGl6]-po тасдиқ намуданд. Дар чунин комплекс лигандҳо (С1 ), ки ба атоми марказӣ (Pt4 + ) наздиканд, нисбат ба ионҳои берунӣ |К+| устувортаранд. Комп­лексное низ ҳастанд, ки фақат аз атоми марказию лигандҳо ибора­танд. Macалан, карбонили металлҳо Ғе (СО)б, Ni(lGO)4, No(GO)e. Миқдори иону молекулаҳои бо атоми маркази бевосита пайвастшударо адади к оординасионӣ (адади координасионӣ) меноманд. Масалан, дар K2[CuCl4] а. к.-н мис — 4t дар (Сг(<Н20)в)С1з а. «.-и хром — 6, дар [Ca^NHaJeJClj а. к.-и калсий — 8 ва г. Ҳозир а. к.-п аа 1 то 12 маълум аст, вале дар амал а. к.-и 4 бештар маъмуланд. Ба сифати атоми комплексҳосилкунанда асосан элементҳои мутавассит (Ti, V, Crf Mn, Fe, Go, Ni, Cu, Pt, Au, Hg ва ғайра) ва ғайриметаллҳо (В, Р, Si), ба сифати лиганд бошад, аниони кислотаҳои ғайриорганикию органикӣ, пайвастҳои гете- росиклӣ ва дигар молекулаҳою радикалҳои гуногун истифода мешаванд. Ҳоло Пайвастҳои комплексии бисёрядроии элемент­ҳои мутавассит, ки барои химияи назариявӣ ва амали аҳамияти махсус доранд, ҳамаҷиҳата омӯхта ме­шаванд.

Сохти Пайвастҳои комплексиро бори аввал А. Вер­нер тадқиқ кардааст. Корҳои ӯро олимони намоёни советӣ Л. А. Чуга­ев, И. И. Черняев ва дигар- давом додаанд. П.айвастҳои  комплексиро барои чудо карда гирифтан ва тоза кардани металлҳои гурӯҳи платинӣ, тилло, нуқра, никел, кобалт, мис, элементҳои нодирзамин, металлҳои ишқорӣ, инчунин дар дигар просессҳои технологӣ, химияи ‘таҳлилӣ ва ғайра истифода мебаранд. Бисёр Пайвастҳои комплексӣ дар просессҳое, ки дар организми зинда сурат мегиранд (нафаскашӣ, фотосинтез, катализи ферментативӣ, мубодилаи моддаҳо ва ғайра) иштирок мекунанд.

Адабиёт Коттон Ф., Уилкинсон Дж., Современная неорганическая хи­мия, тарҷумаи аз англисӣ, том 1—3, Москва, 1969.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …