Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пайвастҳои гетеросиклӣ

Пайвастҳои гетеросиклӣ

Пайвастҳои гетеросиклӣ, гетеросиклҳо, пайвастҳои органикии сохти сиклӣ (се, чор, панҷкунҷа ва аз ин ҳм зиёд) доштае, ки дар таркибашон ғайр аз атомҳои карбон боз атомҳои дигар элементҳо гетероатомҳо ва ғайра доранд.

Пайвастҳои гетеросиклиро бо миқдори атомҳои сикл (ҳалқа), хусусият, адад ва ҷои гетероатом, будан ё набудани ҷойнишин, хусусияти ароматӣ доштан ва дигар хосиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ ме­кунанд. Хосияти химиявии як диски Пайвастҳои  гетеросиклӣ, аз қабили фуран, тиофен, пир­рол, пиридин, хинолин ва ғайра ба пайвастҳои ароматӣ қаробат доранд. Чунин моддаҳо аз ҳисоби ҷуфти я- электронҳои гетероатомашон бо металлҳо пайвасти комплексӣ ҳосил менамоянд. Масалан, пайвасти хинолин- бие-бензоатн Со (II)

Пайвастҳои гетеросикли, ки гетероатомашон нитроге­ну окенген аст, дар шакли алкалоид, витамин ва пигментҳо васеъ паҳн шуда, дар просессҳои муҳими био­логии организмҳои зинда роли ка­лон мебозанд. Хлорофилли наботот, гемини хун, баъзе аминокислотаҳо, пенисиллин, кофеин аз ҷумлаи Пайвастҳои гетеросиклианд. Пиридин, хинолин, акридинро аз таркиби зифти ангиштсанг ва фурфуролро аз офтобпараст ба даст меоранд. Қисми зиёди П.айвастҳои гетеросиклии табиию синтезиро ба сифати ранг (инди­го) ва дорувор (хинин, морфин, ак­рихин, аналгин, амидопирин ва ғайра) истифода мебаранд. Пайвастҳои гетеросиклӣ инчунин дар дигар соҳаҳои саноат, монан- ди истеҳсоли пластмассаҳо, саноати кино, суратгирӣ ва ғайра ба кор мераванд.

Кормандони лабораторияи химияи нефти Институти химияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон оид ба пайвастҳои гетеросиклии сулфур тадқиқот бурда, аз нефт гурӯҳи пайвастдҳои қатори бензотиофенро ҷудо карданд ва хосияти химиявию истифодаи онҳоро муайян Намуданд

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …