Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пайравии Соваҷӣ

Пайравии Соваҷӣ

Пайрави Соваҷӣ Амирбек (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Пайрави Соваҷӣ аз мардуми шаҳри Соваи Эрон буда, пас аз касби камол ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо зиндгиву эҷод кардааст. Зоҳиран, бо дарбори хукмрони давр — Анбар робитае дошт. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Пайравии Соваҷӣ ғазалсарои бомаҳорате буд, вале девонаш дастрас нагардидааст. Адабиёти парокандаи ӯ дар баёзу сарчаш- маҳои адабӣ ба назар мерасанд. Байте аз ашъори ӯ:

Ба навмедӣ гузашт ин ид бе рухсори зебояш,

Набӯсидем дасташро, налятодем дар пояш.

Пайравии  Соваҷӣ ҳунари наққошӣ низ доштааст ва манзумае дар ин бора бо унвони «Сурат ва маънӣ» сурудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …