Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Пайрав Отаҷон Сулаймонӣ

Пайрав Отаҷон Сулаймонӣ

Пайрав (тахаллус; ном ва фамилияаш Отаҷон Сулаймонӣ; 15. 4. 1899, Бухоро — 9. 6. 1933. Самарқанд), шоири советии тоҷик. Аз оилаи савдогари калон. То соли 1911 дар .мактаби ибтидоии Бухо­ро, солҳои 1911—14 дар мадрасаи фор­сии Марв хонда, аз соли 1914 то 1916 дар назди муаллимони хусуси за­бони русӣ омӯхта, аз ибтидои 1916 то 1917 дар Омӯзишгоҳи Когоп таълим гирифтааст. Пайрав Револютсияи Халқии Бухороро самимона пешвоз гирифт. Дар давраи муборизаҳои тезутунди синфӣ ва ташкили Республикаи Халқии  Сотсиалистии Бухоро охири соли 1921 котиби дуюми сафоратхонаи Республикаи Халқии  Сотсиалистии Бухоро дар Афғонистоя таъин шуд. Ҳангоми аз Кобул баргаштани Пайрав (1922) дар Республикаи Халқии  Сотсиалистии Бухоро, аз як тараф, ҳаракати нэпманӣ ва муборизаи зидди босмачиёп авҷ гирифта буд, аз тарафи дигар, тақсимоти ҳудуди миллӣ ва замииу об оғоз меёфт.

Солҳои 1922—24 ӯ дар ҳавлию дӯконҳои падараш ва аввали соли 1924 дар Машҳад умр ба cap мебарад. Воқеаҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои минбаъда, ташкили республикаҳон соҳибихтиёри миллии Осиёи Миёна, аз ҷумла Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) ва махсусан қарори Комитети Марказии РКП(б) «Дар бораи сиёсати партия дар соҳаи адабиёти бадеӣ» (1925) ба фаъолияти эҷодии Пайрав табаддулоти ҷиддӣ дароварданд. Ӯ робитаашро бо нашриёт ва газетаву журналҳои тоҷикии  Душанбе, Самарканд, Тошкент мустаҳкам менамояд, ба кори эҷодӣ ҷиддитар камар мебандад. Аз октябри 1930 то май 1931 Пайрав дар идораи Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва то соли 1933 дар шуъбаи самар- қандии он кор кард. Шеърҳои нахустини Пайрав «Мувашшаҳ» (1916), «Ба- родари ҷонӣ» (1916), «Иштиёқ» (1918), «Маснавӣ» (1918), «Ба Саъдуллоҷон» (тақрибан соли 1920) ва ғайра гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ бо таъсири назми классикӣ ва махсусан лирикаи он ба машқи шеър хеле барвақт шуғл варзидааст.

Ин шеърҳо ба талаботу хусусиятҳои умдатарини жанрҳои маъмули назми классикӣ (миқдори қофилҳо, тарзи қофияю радифсозӣ, ҳусни тахаллус ва ғайра), забону услуб ва санъату воситаҳои тасвири бадеии он мувофиқат меку- нанд. Дар шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (1920) шоир аввалин бор ба мавзӯи револютсия рӯ овардааст, ки дар он шодии халқ ва махсусан ҷавонон тантанавор садо медиҳад. Дар ин шеър шакли мустазод, оҳанг, нидо, зада, санъатҳои шеърӣ ва махсусан саҷъ барои равшану барҷаста гардидани мазму- ну ғоя мадад расондаанд. Аммо аввали солҳои 20 дар эҷодиёти Пайрав миқ- дори ин гуна шеърҳо кам буда, шоир бештар лирикаи ишқии пурсӯзу гудоз меофарид: «Бок нест» (1921), «То кай?» (1921) ва махсусан «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон» (‘4924), «Чи шуд, ки?…»    (1924), «Фироқнома» (1924) ва ғайра.

Ин шеърҳо асосан дар пайравию равияи назми саромадони адабиёти Классикии форс-тоҷик навишта шудаанд. Пас аз нашри қарори мазкури Комитети Марказии РКП (б) ва бо таъ­сири он ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтани муносибат ба адибони «камсафар» дар мавзӯъ ва ғояи ашъори Пайрав низ дигаргунӣ ба вуҷуд омад. Шоир дар мавзӯи озодии занон, шеърҳои «Шукуфаи ирфон ё худ озодик занони III арқ» (1926), «Ба шарафи қиёми занони Шарқ» (1927), «Асира ё худ исёп» (1927), «Ҳаштуми март ва саноеи нафиса» (1931) ва ҳикояи «Гуландом»-ро (1928) офарид.

Ин асарҳо мувофиқи талаби замон на­вишта шуда, ҳақиқати бадеии воқеияти таърихиро дар бар кардаанд ва аксари онҳо бо конкретияти мавзӯъ, мазмуну мундариҷаи тоза ва ғайра ҷолиби диққат мебошанд, Дар ин солҳо мавзӯи байналхалқӣ дар эҷодиёти  мавқеъ гирифт. Ӯ дар шеърҳои «Шӯриши Чин ё худ воқе­аи Нанкин» (1927), «Ду ҳуҷум»(1927), «Ба ҷамъияти Хилоли Аҳмар» (1927), «Якуми май ва МОПР»(1928).  «Ҳиндустон» (1928), «Аз дасти ту буд» (1929), «Ба фалокатзада­гони зилзилаи Эрон» (1928), «Як Курбонии кӯчая буржуазии Аврупо (1930), «Ба милитаристоня Япония» (1932) ва ғайра ба бисёр масъалаҳои муҳимми байналхалқӣ, махсусан ҳа­ракати миллйозодихоҳӣ дар Хитой, Ҳиндустон, Афғонистон ва дигар мамлакатҳои Осиё, мубориза бар зидди ҷангҷӯёни имперналистӣ ва ғайра даст зада, равияи ашъори Садриддин Айнӣ, А. Лоҳутиро аз адабиёти тоҷик ва Максим Горкий, В. Маяковскийро аз адабиёти рус дар ин мавзӯъ давом ва инкишоф дод.

Шоир, махсусан, дар чунин шеърҳо аз шаклҳои шеърӣ, вазну қофия, санъатҳои бадеӣ, зада, нидою хитоба ва ғайра. ҳунармандона истифода бурда, навовариҳои шоёни диққат карда аст. Дар охири солҳои 20 таваҷҷӯҳи Пайрав ба мавзӯъ ва масъалаҳои ҳаёти сотсиалистӣ ва алалхусус, сохтмонҳои азими он дар Тоҷикистон зиёдтар гардид. Дар шеърҳои «Сарват ва меҳнат» (1930), «Ба зарбдор!» (1930), «Бар зидди оппорту­нистони «чап» ва рост, ба ёрии зарбдорон» (1930), «Марши пионерон»

  • «Корвон» (1931), «Навиди Вахшстрой» (1933) ва ғайра ба мавзӯъҳои муҳимми рӯз даст зада, дар тасвири реалистии ҳаёт аз рангҳои ро­мантикӣ моҳирона истифода бурдааст. Пайрав дар аксари ин қабил шеърҳо мувофиқи талаботи мавзӯъ ва ғояи асар дар поэтикаи шеърӣ комбинасияҳои тозаро фаровон истифода кардааст. Намунаи барҷастаи ҷустуҷӯ, навоварӣ ва ихтироъкорип Пайрав шеъри «Навиди Вахшстрой» мебошад. Пайрав шоири лирик аст. Ӯ дар лирикаи ишқӣ ва махсусан дар лирикаи иҷтимоӣ ва гражданӣ комёбиҳо дорад. Пайрав дар жанрҳои эпикии назм низ қувваозмоӣ карда,’ достонҳом «Тахти хунин» (1931), «Ҷумҳурияти Тоҷикистон ва матбуоти ранҷбарии тоҷик» (1931) ва достони нотамоми «Манораи марг»-ро офарид. Пайрав дар офариниши шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам истеъдоди калон дошт. Дар «Таронаи иди бузурги Октябр» (1932), «Панҷсолаи аввал дар чаҳор сол иҷро шуд!» (1933!) боёну муштзӯрон, капиталистон, оппортунистон ва душманону хоинон ҳадафи ҳаҷву истехзоч шоир гардидаанд. Ӯдар гӯшаи «Шашпар»-и журнали «Бигиз» бо лақаби мустаори «Шашпардор» ашъори ҳаҷвӣ ва якчанд шеърҳои тақлидии ҳаҷвӣ — нақизаҳо ба табъ расопдааст. Дар нақизаҳои ӯ камбудии эҷодии як қатор шоирону мунаққидон — Н. Бектош, Ғ. Ализода, Ҷ. Суҳайлӣ, Т. Зеҳнӣ ва баъзе ноҳамвориҳои шеъри худаш танқиду мазаммат шудаанд.

Пайрав мутарҷими моҳир ҳам буд. Тарҷумаи шеърҳои ба Владимир Илич Ленин бахшидаи А. Жаров, шеърҳои шоири зангии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Ленгстоп Ҳюз, мазҳакаи Николай Василевич Гогол «Ревизор», драмаи Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво», романи А. Серафимович «Сели оҳанин», баъзе мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, педагогӣ ва ғайра аз ҳунари тарҷумони Пайрав гувоҳӣ медиҳанд.

Основание: Маҷмӯи шеърҳо, Сталинобод, 1934; Маҷмӯи осор, Сталинобод, 1959; Избранное, Сталинабад, 1957; Асарҳои мунтахаб, Душанбе, 1962; Девон, Душанбе, 1971.

Адабиёт: Табаров С., Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик, Сталинобод, 1948; ҳ а м о н муаллиф, Пайрав Сулаймонӣ, Душанбе. 1962; Очерк истории тад­жикской советской литературы, Москва, 1961.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …