Маълумоти охирин

Пайкон

Пайкон, олатест, ки ба нӯки тири камон ё найза пайваст намуда, дар шикор ва ҷангҳо истифода ба­ранд. Пайкон ҳанӯз дар давраи мезолит ва неолит ба вуҷуд омадааст. Он дар ибтидо аз чақмоқсанг (баъзан устухон), дертар аз биринҷӣ ва чӯб сох­та мешуд. Дар охирҳои асри биринҷӣ (асрҳои 12—8 то милод) дар худуди Осиёи Миёна бисёр намудҳои Пайкони биринҷӣ, аз ҷумла шабеҳи қайроқсанг, губчакшакл, дупарра, дастадори дупарра, сепарра, сепаҳлӯ, чорпаҳлӯ ва ғайра васеъ паҳн гаштанд.

Чунин навъҳои Пайкон ҳангоми ҳафриёти ёдгориҳои археологии Чуст, Дилварзия, Қайроққум, Қабодиён, Помир, Хорезм ва ҷануби Туркманистон бештар ба даст омаданд. Ибтидои милод дар Осиёи Миёна Пайконҳои оҳанӣ пайдо шуданд, ки ба Пайкони скифию сарматӣ шабоҳат доштанд. Дар асрҳои миёна Пайконро синон  низ меномиданд, ки онро ҳамчун найза ё тир истифода мебурданд. Дар адабиёти классикии форс-тоҷик Пайкон маъноҳои маҷозиро ҳам ифода ме-кард: пайкони обдор—тири тез; пайкони за­бон — киноя аз тезии забон; пайкони ҷафо хӯрдан — ҷабру ситам дидан ва ғайра.

Адабиёт: Литвинский Б. А., Древние кочевники «Крыши мира», Москва, 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …