Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат

Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат

«Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» асари Фридрих Энгелс буда, бори аввал ба немисӣ соли 1884 ба табъ расидааст. Дар ин acap ҷамъияти инсонӣ аз худи зинаҳои аввали инкишофаш cap карда аз мавқеи диалектикию материалистӣ тахлил шуда, просесси заволи сохти – авлодӣ ва дар заминаи моликияти хусусm пайдо шуданb муносибатҳои cинфӣ ҳамаҷиҳата тадқиқ гардидааст. Дар асар тақаввули шакли оила, пайдоиш ва моҳияти давлат тасвир шуда, зарурати бо мурури замон мурда рафтани давлат (дар натиҷаи гузаштан ба ҷамъияти бесинфии коммунистӣ) асоснок шудааст.

Ба қавли Владимир Илич Ленин, «ин асар яке аз асарҳои асооии сотсиализми замони ҳозира мебошад» (Асарҳои, ҷилди 29, саҳифаи 506). Китоб аз 9 боб ибо- рат аст. Дар бобҳои 1 ва 2 шароити зиндагии одамон аз давраи қадимтарин то пайдоиши сохти авлодӣ таҳлил шуда, инкишофи муносибатҳои оила ва никоҳ дар чамъияти синфӣ тадқиқ ва оилаи буржуазӣ танқид карда мешавад. Фридрих Энгелс дар ин асар нуктахои методологии таълимоти марксистиро дар бораи ҷамъияти ибтидоӣ ҳамчун зинаи махсуси таърихи инсоният инкишоф дода, қайд мекунад, ки меҳнат шарти аввалини ҳаёти инсонӣ ва ҳаддест, ки ҷамъияти инсониро аз ҳайвонот чудо мекунад.

Фридрих Энгелс дар бобҳои 3 ва 9 хусусиятҳоя тартибии авлодии ҷамъиятиро хамчун ячей­каи ҷамъияти тосинфӣ тахдил намуда, «коммунизмӣ» ибтидоии авло- диро тафсир кардааст. Фридрих Энгелс таназзули сохти авлодиро нишон дода, сабабҳои иқтисодиеро таҳқиқ намуд, ки тартиботи авлодии ҷамъиятро дар зинаи олии инкишофаш барҳам зад. Ӯ нишон дод, ки бо ин­кишофи қувваҳои истеҳсол кунанда, тақсимоти меҳнат ва афзоиши маҳсулнокии oн, имконияти баҳра бур- дан аз маҳсули меҳнати дигарои, истисмори одам аз тарафи одам ва тақсими ҷамъият ба синфҳои зид ба миён омад.

Дар натиҷаи ин давлат ҳамчун аслиҳаи синфи истисморгарон барои мутеъ нигоҳ доштани синфи мазлум пайдо шуд. Фридрих Энгелс шаклҳои гуногуни конкретии давлатро таҳлил намуда, табиати синфии онҳоро ошкор сохта, тамоюли таҳаввули минбаъдаи давлати буржуазиро тахқиқ кард. Ӯ қайд кард, ки ка­питализм ҳеҷ гоҳ ягон хел озодиҳои демократӣ ва озодии ҳақиқии меҳнаткашонро таъмин намекунад. Эн­гелс дар айни ҳол манфиатҳои про­летариатро барои нигоҳ доштан ва зиёд намудани озодиҳои демократӣ, ки дар мубориза баҳри дигаргунсозии револютсионии ҷамъият шарои­ти мусоид фароҳам меоранд, қайд кардааст.

Фридрих Энгелс нишон дод, ки дар ша­роити гуногуни табиӣ ва конкретию таърихи просесси таназзули ҷамоаи ибтидоӣ як хел набуда, мазмуни асосии он — гузаштан аз чамъияти бесинф ба чамъияти синфӣ барои ҳама мамлакатҳо ва халқҳо яксон аст. Ин тақлил таълимоти диалектикию материалистиро дар бораи ягонааш таърихӣ, инкишофи прогрес­сивӣ ва қонунияти ивазшавии шаклҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тасдиқ менамояд.

Ин асари Фридрих Энгелс дар тадқиқи таълимоти марксистӣ оид ба даалат зинаи муҳим ба шумор меравад (нигаред. Карл Маркс «Ҳаждаҳуми брюме­ри Луи Бонапарт», “Ҷанги гражда­нӣ дар Франсия», «Танқиди программаи Готам, Фридрих Энгелс «Анти- Дюринг»), ки онро Владимир Илич Ленин вобаста ба шароити нави таърихӣ дар асараш «Давлат ва револютсия» ин­кишоф дод. Китоби Энгелс бар зидди таълимоти буржуазӣ оид ба дав­лат нигаронида шудааст.

Адабиёт: Маркс Карл. Конспект книги Лью­иса Г. Моргана «Древнее общество», в книги: Архив Маркса и Энгельса, том IX (Москва— Ленинград], 1941; Ленин Владимир Илич, дар бораи дав­лат, Асарҳои, ҷилди 29; Фридрих Энгелс о госу­дарстве и праве, [Москва, 1970]; Проблемы этнографии и антропологии в свете на­учного наследия Фридриха Энгельса, Москва, 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …