Маълумоти охирин

Пай

Пай, як қисми мушак, бофтаи зичест, ки ба воситаи он мушакҳо ба устухонҳо пайваст шуда, ҳаракати онҳоро таъмин мскунанд. Як ну­ги торҳои Пай бо торҳои мушак ва нӯги дигараш бо пардаи рӯи устухон пайваст аст. Пай шаклҳои гуногун дорад. Пайи мушакҳои дароз устухонашакл ва Пайи мушакҳои паҳн лавҳашакл мебошанд.

Баъзе Пайҳо масалан, Пайҳои дарозе, ки панҷаҳоро қату рост мекунанд, пардаи махсус (синовиалӣ) доранд. Ин парда луоб дорад, ки ҳангоми ҳаракат лағжиши Пайро осон мекунад. Функсияи Пай ҳангоми бемориҳои газакӣ, иллати узвҳо ва ғайра вайрон мешавад. Бемо- риҳои Пай ва халтаи синовиадиро бидуни ҷарроҳӣ муолиҷа мекунанд. Агар Пай канда шавад, он гоҳ ҷарроҳӣ мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …