Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пахтакорӣ

Пахтакорӣ

Пахтакорӣ, яке аз соҳаҳои асо­сии растанипарварӣ, ки ба парвариши пахта машғул аст. Дар СССР пахтаро дар Республикаи Советии Сотсиалисти Тоҷикистон, Республикаи Советии Сотсиалисти  Ӯзбекистон, Республикаи Советии Сотсиалисти  Туркманистон, Республикаи Советии Сотсиалисти  Озарбойҷон, Республикаи Советии Сотсиалисти Қазоқистон, Республикаи Советии Сотсиалисти  Қирғизистон парвариш мекунанд.

Пахтакорӣ ҳанӯз пеш аз милод дар Ҳиндустон, Хитой, Эрон, Перу, Мексика, Миср чун соҳаи деҳқонӣ вуҷуд дошт. Мувофиқи ҳафриёти археологӣ асрҳои 1—4метр пахта мекоштанд. Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ба Пахтакорӣ шуғл доштанд. Асрҳои 7—10 дар қисми шимоли Истаравшан (деҳаи Шавкат) пахта мепарваридаанд. Ҳангоми ҳафриёти қалъаи Суғд (асри 8) дар Муғ чигит, як қабза пахта ва чизҳои гуногуни аз пахта бофташуда ёфт шудаанд. Аз рӯи маъхазҳои таърихӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми асри 13 дар қатори дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз Осиёи Миёна пахта низ мекашондаанд. Пахтаро дар Хуталон (мувофиқи маълумоти Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ), Мурғоб, Балх, Кеш (Шаҳрисабз) ва хусусан ба миқдорп зиёд дар Самарқанд (мувофиқи маълумоти Клавиҳо) низ парвариш мекарданд. Баробари ривоҷ ёфтани алоқаҳои иқтисодии байни Россияю Тоҷикистон ва дар натиҷаи зиёд шудани талаботу баланд гардидани нархи пахта дар бозорҳои Россияи Маркази майдони кишти пахта дар Тоҷикистони Шимолӣ ва Бухорои Шарйӣ афзуд. Масалан, агар соли 1889 дар уезди Хуҷанд замини умумии пахта 966 таноб бошад, соли 1914 ба 10700 таноб расид. Аз соли 1890 то 1917 замини кишти пахтаи Бухорои Шарқӣ тадриҷан 15 ма­ротиба (аз 520 то 7600 гектар) зиёд шуд. Соли 1913 дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикис­тон 26,7 даз. гектар, аз ҷумла, дар окру­ги Хуҷанд 13,2 ҳазор гектар, водиҳои Ҳисору Вахш 12 ҳазор гектар, дар ноҳияи Кӯлоб ҳамагӣ 1500 гектар пахта мекоштанд. Худи ҳамон сол 32,3 ҳазор тонна пахта (ҳосилнокиаш ба ҳисоби миё­на 12,1 сентнер/гектар) ғундоштанд.

Дар Россияи тореволютсионӣ пах­таи истеҳсолшаванда талаботи мам- лакатро қонеъ намегардонд ва 60%- и пахтаи дар саноат истифодашаванда аз мамлакатҳои хориҷӣ оварда мешуд.

Ғалабаи Револютсияи Октябр дар тараққии Пахтакорӣ гардиши муҳиме ба амал овард. Аа рӯзҳои аввали револютсия Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ ба тараққии Пахтакорӣ диққати ҷиддӣ доданд. Ислоҳоти обу замин, ки солҳои 1925—28 гузаронида шуд, дар тараққии Пахтакории Осиёи Миёна роли муҳим бозид. Дар натиҷаи индустронию коллективонии мамлакат Пахтакорӣ босуръат тараққӣ кард. Охири панҷсолаи 1-ум талаботи ба пахта доштан мам­лакат пурра қонеъ гардид.

Пахтакории Тоҷикистон низ асосан баъди Револютсияи Октябр рӯ ба тараққӣ ниҳод. Плани панҷсолаи 1-уми республика ба Пахтакорӣ диққати ҷиддӣ дод. Дар натиҷаи коллективонии хоҷагии қишлоқ Пахтакорӣ хеле пеш рафт. Ҳосили умумии пахта дар республика аз 38,6 ҳазор тонна (1928) то 50,6 ҳазор тонна (1932) афзуд.  Панҷсолаи

Рзбекистоя …. Точикистон …. Туркманистон . . . Оаарбойчон . . . . Дазоцистон . . . . 1 Киргизистон . . . ГСССР 429,3

26,7

69.4

103,2

15,0

21.6

666

I-              172.4 222,0* 220,2

42.6           71,2 2191,9

1616,4

223

257.8

2.14.8        45,6 73,0

2441.8

1782.7        254,5 397,2

193.0

44.0           74,9

2745.8

1731,5

264,9

484,7

209,6

115,3

74.0

2880.0

1878

308

508

250

127

76

3147

12,2

12,1

10,0

6,2

6,6

13,1

>10,8

20,3

23.2

16.3           16,6

11.5           17,7

19.6

24.1

26.7

21.5

15.6

18.8           22,9

23.2

26,2

23,6

21.0

17.4

23.9

25.0

25.1

80,8

33.2           23,0

25.3           29,5

28.4           29.2

33.2

32.8

24.8           35,4

28.2           28,2 31,7

 

2-юм дар тараққии Пахтакории республика аҳамияти калон дошт. Заминҳои бекорхобидаи водии Вахш корам ва якчанд колхозу совхозҳо ташкил карда шу­данд, ки дар истеҳсоли пахтаи маҳиннах роли калон бозиданд. Солҳои 1933—37 истеҳсоли пахта назар ба солҳои 1927—32 аз 253,5 ҳазор тонна то 515,5  ҳазор тонна ё зиёда аз 2 (аз ҷумла пах­таи навъи советӣ 1,7 ва пахтаи навъи маҳиннах 15) баробар афзуд. Соли охири панҷсола (1938) Тоҷикистон ба Ватан 1784 тонна пахта фурӯхт, ҳосили миёнаи пахтаи респуб­лика ба 17,9 сентнер/гектар расид. Республика аз ҷиҳати ҳосилнокии пахта дар «СССР ҳои якумро ишғол кард. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳосили умумии пахта ҳам ва ҳосилнокии он паст шуд. Баъд аз ҷанг Пахтакорӣ аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод. Сентябр 1945 Ҳукумати Советӣ «Доир ба минбаъд тараққӣ додани пахтакории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» ва июни 1946 «Доир ба план ва тадбирҳои барқароркунӣ ва инкишофи минбаъдаи пахтакории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1946—50» қарори махсус қабул кард. Колхозу совхозҳо ин карорҳоро ба ҳаёт татбиқ ва ба ёрии моддии давлат такя намуда, ҳосилнокии пахтаро хеле баланд бардоштанд. Дар солҳои панҷсолаи 4-ум (1946—50) замини кишти пахта 31% зиёд шуда, ба 126 ҳазор гектар расид. Ҳосили умумии пахта назар ба давраи тореволютсионӣ 3,3 маротиба афзуд.

Комитети Марказии  КПСС ва Совети Вазирони СССР аз 5 июни 1954 «Дар бораи тараққии минбаъдаи пахтакорӣ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1954—60 қарор қабул кард, ки он ба васешавии замини кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзоиши ҳосили умумии он мадади калон расонд. То охири панҷсолаи 5-ум (4950—55) замини кишти пахтаи республика 36 ҳазор  гектар зиёд шуд. Соли 1955 Тоҷикистон ба давлат 400,3 ҳазор тонна пахта супорид.

Пахтасупории республика дар панҷсолаҳои минбаъда низ босуръат тараққӣ кард. Соли 1971 замини кишти пахта назар ба давраи тореволютсионӣ 9,8 баробар, ҳосили умумии он зиёда аз 20 ва ҳосилнокиаш 2,5 баробар афзуд. Соли 1978 Тоҷикистон дар байни республикаҳои пахтакори Иттифоқи Советӣ аз ҷиҳати ҳосилнокии пахта ҷои 1-ум ва аз ҷиҳати ҳосили умумӣ ҷои 3-юмро ишғол кард. Колхозу совхозҳои республика ба давлат 909 ҳазор тонна пах­та фурӯхтанд, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 30,8 сентнер пахта гирифтанд. То­ҷикистон ба манбаи асосии пахтаи навъи маҳиннахи мамлакат табдил ёфт. Соли 1979 дар Тоҷикистон 262,4 ҳазор тонна пахтаи маҳиннах (қариб 35%-и пахтаи маҳиннахи СССР) ғун- доштанд, ҳосилнокиаш ба 31,0 сентнер/гектар (дар ҷаҳон ҳосилнокии аз ҳама ба­ланд) расид. Соли 1979 дар республика 144 колхоз ва 45 совхоз пахта кошт.

Пахтакорӣ на танҳо аз ҳисоби корам кардани заминҳои нав, инчунин дар натиҷаи ба вуҷуд овардан ва ҷорӣ на­мудани навъҳои серҳосили пахта низ тараққӣ кард.

Солҳои 1928—30 дар pайони Сароикамар (ҳозира райони Панҷ) фақат навъи пахтаи маҳиннахи «Сакелярдис» киштанд (3 ҳазор гектар). Соли 1931 аз Миср ба водии Вахт навъҳои «Пима», «Маарат», «Ашмунӣ», «Афифӣ» ва ғайраро оварданд, Соли 1932 фақат ду навъ («Пима» ва Маарат»)-ро кишт карданд. Дар ин солҳо селексионер В. П. Красичков аз навъҳои номбурда навъи нави № 23-ро ба вуҷуд овард. Вай навъҳои хориҷиро пурра иваз кард. В. П. Красичков минбаъд навъи нави баландсифатп 504— В-ро офарид, ки бо навъи пахтаи маҳиннахи Туркмении «2 И 3» мавқеи асосиро ишғол намуд. Солҳои 1952—66 навъҳои 5904-И, 5595-В (аз 1963) кишта щуданд. Аз соли 1977 навъҳои 6249-В, 6465-В, 7318-В (селексионерон В.П. Красичков ва Б. Сангинов ба вуҷуд овардаанд) кишта мешаванд. Соли 1980 навъи нави тезраси «Дружба-60»-ро низ, ки селексионерон М. Ҷумъаев, Ш. Иброҳимов ва дигар офариданд, кишт карданд (тақрибан- 3 ҳазор тонна).

Оид ба пахтал миёнанахи советӣ аз соли 1952 инҷониб тадқиқот мебаранд. Соли 1977 селексионер М. Чумъаев ва дигар навъи нави «Регар-1» (аавалин навъ дар республика)-ро офариданд. Дар районҳои пахтакори Тоҷикистон навъи пахтаи миёнанахи 108-Ф, Тошкент-1, Регар-1 ва 133 кишт мешаванд.

Замини кишти пахтаи навъи ма­ҳиннах аз 3,5 ҳазор гектар (1930) то 84,7 ҳазор тонна (1979), ҳосилнокии миёнааш аз ҳар гектар мувофиқан аз 3,1 то 31,0 сентнер, ҳосили умумиаш аз 1,1 то 262,4 ҳазор тонна зиёд шуд.

Яке аз омилҳои муҳимтарини тараккии босуръати Пахтакорӣ васеъ ҷорӣ намудани механиконии комплексӣ ва истифодаи нуриҳои минералӣ мебошад. Дар ҷамъоварии ҳарсолаи ҳосил мошини пахтачинӣ аҳамияти ка­лон дорад. Соли 1979 бо мошинҳо бештар аз 225 ҳазор тонна пахта (зиёда аз 25%-и ҳосили умумӣ) ҷамъоварӣ карда шуд. Дар ҳар гектар замини киш­ти пахтаи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 250—260 килограмм нуриҳои нитрогендор, 140—450 килограмм нуриҳои фосфордор ва 100—120 килограмм нуриҳои калийдор истифода мешаванд. Дар просесси коркарди пахта аз он 27—34%’ нах ва 60—70% чигит мегиранд. Чигит 18—24%’ равған дорад (ниг. Равғани пахта). Аз баргу пояи пахта 100, аз нахаш қариб 50 ва аз чигит зиёда аз 45 навъ маҳсулот тайёр мекунанд. Аз маҳсулоти Пахтакорӣ бисёр соҳаҳои саноат (бофандагӣ, авиасия, химия, автомобил ва ғайра) истифода мебаранд.

 

 

  I960 1965 | 1970 1975 1979 I960 1965 1970 1975 1*979 {960 1965 1970 1975 1979
Ленинобод 42,2 65,3 65.8 72,5 89,7 71,3 141,9 154,4 217,3 238,5 16,9 21,8 23.5 30.0 26.6
КУргон т е п п а 69,7 88,3 100.2 100.8 128.4 157.9 238.8 303,8 302,0 393.5 22,7 27.0 30.3 30,0 30.6
Кулоб . . Районхои во- 26.4 35,3 37.1 47,4 52,9 67,8 104.7 123,2 158,8 170 25,7 29,7 33,1 33,7 32,2
дни Дисор Дар республи- 34,1 39,0 50,7 50,7 33,3 102,4 124,2 145,0 156.0 101.4 30,0 31,8 28.0 30,8 30.4
на … . 172.4 227,9 253.8 271,4 304,3 399,4 600.4 726,4 834,1 903.4 23,2 26,7 28.6 30.7 29.7

Аз ҳосили 1 гектар пахта (агар ҳосилнокиаш ба ҳисоби миёна 30 сентнер бо- шад) 7—8,5 ҳазор метр2 матоъ, 277 килограмм равғани пахта, 726 килограмм кунҷора, 47 килограмм собун, 108 килограмм пахтаи соф, 240 килограмм чигит ва дигар маҳсулот мегиранд. СССР аз ҷиҳати истеҳсол ва ҳосилнокии пахта дар ҷаҳон ҷои 1-умро (1979) ишғол мекунад. Соли 1979 дар СССР 9,2 миллион тонна, аз ҷумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 903 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд. Соли 1979 Ӯзбекистон 62,9%, Туркманистон 13,3%’ Тоҷикистон 9,8%, Озарбойҷон 8,1%, Қазоқистон 3,6% ва Қирғизистон 2,3%-и пахтаи СССР- ро истеҳсол карданд (нигаред ҷадвали 1).

Дар Тоҷикистон пахтаро асосан дар вилоятҳои Ленинобод, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва районҳои водии Ҳисор парвариш мекунанд (нигаред ҷадвали 2 ва 3).

Адабиёт: Наги б и н Я. Д., Махмудов Р . Усулҳои пешқадами парвариши пах­та дар Тоҷикистон, Душанбе, 1964; Хлопковод­ство Таджикской Советской Сотсиалистической Республики, часть 1, Сталинабад, 1957; Хлопководство, Москва, 1963; Хлопко­водство и применение минеральных удобрений в Союз Советских Сотсиалистических Республик, Душанбе, 1969; Нагибин Я. Д., К р е й д и к В. М.. Развитие хлоп­ководства в Таджикской Советской Сотсиалистической Республики, Душанбе. 1969; Гафуров Б. Г., Таджики. Древняя, древнейшая и средневековая история, Москва, 1972; Джумаев Москва, Вопросы сор­товой агротехники хлопчатника в Вахто­вой, Гиссарской и Сурхан-Шерабадской долинах. Ташкент. 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …