Пахтакор, деҳаест дар Совети қишлоқи ба номи З. Шарифови райони Конибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Пахтакор то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 22 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 820 нафар. (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби 8-сола ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз Канали Калони Фарғона ва ба воситаи насосҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.