Маълумоти охирин

Пахтак

Пахтак, бодиринги гург (Astragalus sieversianus), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш то 150 сантиметр, пояаш дарунхолӣ, бо пашмаки зич пӯшида шудааст. Баргаш мураккаб (дарозиаш 15—30 сантиметр), аз 8—20 ҷуфт баргча иборат аст; баргчааш дарозрӯяи эллипсӣ (дарозиаш 2,5 сантиметр).

Хӯшагулаш 3—5-гула, гудбаргаш зардча (даро­зиаш 3,5—4 сантиметр), ғилофакаш мудаввари каме дарозрӯя (дарозиаш 1,6— 2,6 сантиметр, бараш 1,5—2 сантиметр), серпашмаки хеле сахт. Растании муқаррарист, бештар дар ҷойҳои санглох ва сангу регдор мерӯяд. |Моҳҳои март— июл гулу мева мекунад. Чорво фа­қат Пахтаки навсабзро мехӯрад. Меваашро дар тибби халқӣ истифода ме­баранд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …