Маълумоти охирин

Пахтагул

Пахтагул гулхайрии ҳиндӣ, кетмия (Hibiscus syriacus), бутта ё дарахти хурдест аз оилаи тугмачагулҳо. Баргаш З-парра (дарозиаш 5—10 сантиметр, бараш 3—6 сантиметр), гулаш калони зангулашакл (диаметраш то 8—10 сантиметр), сафед, гулобӣ, сурх, кабуд, бунафш ва ғайра, ғӯзааш байзашакл (дарозиаш 2,3 сантиметр), тухмаш гурдашакл (вазни 1000-тоаш 13—15 грамм).

Пахтагули худрӯй дар Ҳиндустон, Хитой ва Осиёи Хурд мерӯяд. Дар Тоҷикистоп онро аз соли 1933 ин ҷониб чун буттаи ороишӣ парвариш мекунанд ва дар сабзкории шаҳру деҳоти рес­публика фаровон истифода меба­ранд. Пахтагул буттаи сершоху барг ва сергули базеб аст ва айёми гулшукуфташ тулонист. Пахтагул моҳҳои май — июл мешукуфад, мевааш моҳи сентябр мепазад. Онро аз тухмаш зиёд ме­кунанд. Тухмаш баъди 8—10 рӯзи кишт неш мезанад. Ниҳолаш бо­суръат нумӯ мекунад. Навъҳои боғии Пахтагулро аз қаламча ва бо роҳи пайванд зиёд мекунанд.

Адабиёт: Вознесенская Е. И., Воло­щук Ф. А., Темберг Я. Г., Листо­падные породы, дар китоби: Деревья и кустарники для озеленения Таджикис­тана, Душанбе, 1965.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …