Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Павловский Николай Николае­вич

Павловский Николай Николае­вич

Павловский Николай Николае­вич (18. 12. 1884, Орёл —12. 5. 1937, Ленинград), мутахассиси советӣ дар соҳаи гидравлика ва гидротехника, академики Академияи Фанҳои СССР (1932). Соли 1912 Институти инженерии  роҳи  оҳани  Петербургро хатм кард, аз соли 1919 профессор ҳамин институт ва профессори институти ҷангал, аз соли 1921 — профессори Институти политехникии Петро­град. Аз соли 1918 дар чанд муассисаи илмӣ дар соҳаи гидравлика ва гид­ротехника тадқиқот бурд.

Дар «Назарияи ҳаракати обҳои зеризаминии таги иншооти гидротехникӣ ва гузоришоти асосии он» (1922) номи асараш принсипҳои нави лоиҳакашии иншооти гидротехникӣ ва бунёди назарияи ҳаракати обҳои зеризаминиро ба вуҷуд овард. Вай усули ҳисоби меъёри ҷараёни об дар маҷрои кушод ва шабодати электрогидродинамикии филтрасияи обро муайян намуд. Формулаеро пешниҳод на­муд, ки аз рӯи он коэффисиент суръати мунтазами моеотро дар гулбаву новаи кушод ҳисоб кардан имконпазир гашт. Павловский дар бунёди ГЭС- ҳои Волхов, Днепровск, Свирск ва сохтмони метрополитени Москва иштирок кардааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …