Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Павловский Евгений Никанорович

Павловский Евгений Никанорович

Павловский Евгений Никанорович (5. 3. 1884, Бирюч, щозира Крас­ногвардейский вилояти Воронеж — 27. 5. 1965, Ленинград), зоологи совети, паразитолог, академки Академияи Фанҳои СССР (1939), академики АИТ СССР (1944) ва аъзои фахрии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотмиалистии  Тоҷикистон (1951), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалист (1964), генерал-лейтенанти хизмати тиббӣ. Аъзои КПСС аз соли 1940. Соли 1908 Академияи ҳарбии тиббии Петербургро хатм кард, аз соли 1921 профессор академияи номбурда. Солҳои 1933—44 дар Институти умумиит- тифоқии тиббии эксперименталӣ (Ленинград) ва Филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР (1937—51) кор карда­аст.

Директори Институти зоологияи Академияи Фанҳои СССР (1942—62), роҳбари шуъбаи паразитология ва зоологияи тиббии Институти эпидемиология ва микробио- логияи АИТ СССР (<аз 1946). Президенти Ҷамъияти географии СССР (1952—64) ва Ҷамъияти умумииттифоқии энтомологӣ (1965). Асарҳои асосии Павловский масъалаҳои паразитологияро ба бар кардаанд. Таҳти роҳбарии ӯ дар Осиёи Миёна, Закавказия, Қрим, Шарқи Дур ва диг. ноҳияҳои СССР барои омӯхтани эпидемияҳои паразитӣ ва касалиҳои трансмиссивӣ (тифи кана, энсефалит кана, тейлериозҳо, лейшманиозҳо ва ғайра) экспедисияҳои сершумори комплек­сӣ ташкил карданд.

Павловский манбаи табиии касалиҳои одамро тадқиқ кард, ки барои як қатор тадбирҳои пешгирии онҳо асос шуд. Павловский ҳамроҳи В. А. Догел равияи экологиро дар паразитология инкишоф дод. Павловский муҳити  зисти паразитҳо будани организми одам (нигаред Паразитосеноз), бисёр масъалаҳои паразитологияи кишварию ландшафтӣ, давраи инкишофи як қатор паразитҳо, патогенези инвазияи кирми меъдаро муайян намудааст. Павловский бо ёрии ҳодимони илмӣ ҳаёти ҳашаротҳои хунмак ва усулҳои мубориза бар зидди онҳо, инчунин ҳайвоноти заҳрдору зараррасон ва хосияти заҳри онҳоро омӯхт. Павловский аввалин экспедисияи па­разитологии худро соли 1928 дар Тоҷикистон ташкил кард. Соли 1932 бо ташаббуси ӯ Стансияи паразитологӣ (Ду­шанбе) таъсис. ёфт, ки он соли 1934 ба ҳайати Базаи тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР дохил гардид.

Таҳти роҳбарии Павловский тадқиқоти олами ҳайвоноти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон равнақ ёфт. Павловский дар тарбияи му- тахассисони соҳаҳои гуногуни зо­ология саҳми калон гузошт. Павловский ди­ректори Базаи тоҷикистонӣ (1937), раиси президиуми Филиали тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР (1941) буд ва ба­рои ба Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалисти  Тоҷикистон табдил додани ин филиал ташаббус нишон додааст.

Соли 1941 сектори зоология ва параэи­тологияи Базаи тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР ба Институти зоология ва паразитологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  табдил ёфт ва соли 1954 номи Б. И. Павловскийро гирифт. Павловский муаллифи як қатор китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо ва қариб 1500 асари илмӣ оид ба парази­тология мебошад. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—4). Лауре­ат Мукофоти давлатии СССР (1941, 1950) ва Мукофоти ленинӣ (1965). Бо 6 ордени Ленин, 4 ордени дигар, ме­дали тиллои ба номи И. И. Мечникови Академияи Фанҳои СССР (1949), медали калони тиллои Ҷамъияти географии СССР (1954) ва дигар медалҳо мукофотони­да шудааст.

Асjc: Ядовитые животные СССР, Москва—Ленинград 1931; Руководство по паразитологии че­ловека, том 1—2, Москва— Ленинград, 1946—1948; Гнус (кровососущие двукрылые), его значение и меры борьбы. Ленинград, 1951; Учебник пара­зитологии человека с учением о перенос­чиках трансмиссивных болезней, 6 издание,

Ленинград. 1951; Природная очаговость транс­миссивных болезней, Москва— Ленинград, 1964.

Адабиёт: Павловский Е. И.. 2 издние, Москва, 1956 (Академии Наук СССР. Материалы к библиогра­фии трудов ученых СССР. Сер. биологи­ческих наук. Паразитология, в. 1); Прохорова Н. П., Академик Е. Н. Павловский, Москва, 1972.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …