Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Павлова Мария Василевна

Павлова Мария Василевна

Павлова Мария Василевна (27. 6. 1854. Козелск, ҳозира вилояти Калу­га — 23. 12. 1938, Москва), палеон­тологи советӣ, аъзои фахрии Академияи Фанҳои СССР (1930; аъзо-корреспондент 1925), академики  Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина (1921). Солҳои 1919-30 профессор ва мудири кафедраи палеон­тологияи Университети Москва.

Асарҳои асосии ӯ аз таърихи пайдоиши ҳайвонҳои сумдор баҳс мекунанд. Павлова дар бораи бисёр ширхорҳои ҳафриётй, ки аз территорияи СССР ёфт шудаанд, маълумот додааст. Бо ҳамроҳии шавҳараш А. П. Павлов дар назди Университети Москва музеи геологие ташкил намуд, ки шуъбаи палеонтологӣ дорад (ҳоло музеи Институти тадқиқоти геологии Москва ба номи А. П. ва М. В. Павловҳо).

Асос: Причины вымирания животных в прошедшие геологические эпохи, Москва — П< 24; Палеозоологии, часть 1—2 Москва, 1937—29.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …