Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Павлов Тодор Димитров

Павлов Тодор Димитров

Павлов Тодор Димитров (14. 2. 1890, Штин, Македонии — 9. 5. 1977), файласуфи марксист булғор, мунаққид ва ҳодими ҷамъиятӣ. Академик (1945), президент (1947—62), прези­денти фахрии Академияи Фанҳои Булғория (аз соли 1962). Қаҳрамони Республикаи Халқии Булғория, ду карат Қаҳрамони Меҳпати Сотсиалистии Республикаи Халқии Булғория. Аъзои Партияи Коммунистии Булғория аз соли 1919. Аъзои Бюрои сиёсии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Булғория (солҳои 1966— 76). Директори Институти фалсафаи Академияи Фанҳои Булғория (солҳои 1948—52 ва аз 1960).

Университети Софияро хатм намудааст. Солҳои 1925—29 барои фаъолияти ре- волютсионӣ таъқиб шудааст. Солҳои 1932—36 декани факултети фалсафаи Институти таърих, фалсафа ва адабиёт, профессори Институти профессураи сурхи Мо­сква. Соли 1936 ба Булғория баргашт. Дар мубориза ба муқобили фашизм фаъолона иштирок кард, дар лагери консентрасионии фашистон маҳбус буд (1941—44). Аз солҳои 20 cap кар­да доир ба масъалаҳои материализ- ми диалектикӣ ва таърихӣ, эстети­ка, забоншиносӣ, методологияи илм, таърихи ҷамъият ва афкори фалсафии булғор тадқиқот мебарад.

Павлов дар тадқиқи мероси Владимир Илич Ленин, махсусан роҷеъ ба назарияи инъикос саҳми босазое гузоштааст. Масъалаҳои муносибати фалсафа ва фанҳои та- биатшиносӣ, масъалаҳои методоло­гии илмҳои таърих ва таърихи халқи булғорро низ тадқиқ кардааст. Павлов дар ташаккули адабиётшиносии марксистии Булғория, танқиди адабӣ ва мубориза ба муқобили таълимоти буржуазӣ оид ба санъат саҳми калон дорад. Ба муқобили фрей­дизм, позитивизм, ирраслионализм ва ғайра муборизаи фаъолона бурд. Павлов аъзои хориҷии Академияи Фанҳои СССР (1947), АР СССР (1959) ва дигар академияҳои хориҷӣ мебошад. Бо 5 ордени Геор­гий Димитров ва 2 ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Асоа.: Избранные философские произве­дения, том 1 Москва„ 1961—1963.

Адабиёт: Калошин Ф. И., Т. Павлов, Москва 1960.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …