Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Павлов Павел Андреевич

Павлов Павел Андреевич

Павлов Павел Андреевич (1892, Тифлис— 18. 7. 1924, Гуанчжоуи Хитой, дар Москва, дар қабристони Новодевиче мадфун аст), командири Армияи Сурх, иштироккунандаи фаъоли ҷангҳои гражданӣ дар Ук­раина ва мубориза барои ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна.

Аз оилаи генерал- лейтенант. Аъзои КПСС аз соли 1918.

Павлов  баъди хатми мактаб дар Институ­ти политехникии Петербург таҳсил карда, дар ҳаракати револютсионӣ иштирок намуда, соли 1914 ба­рои иштирок дар ҳаракати револютсионӣ ва паҳн кардани газетаи болшевикии «Правда» аз институт хо­риҷ шуд. Сонитар дар армияи под­шоҳӣ хизмат ва дар чангҳои Фронти Ҷанубу Ғарбӣ иштирок кард. Дар давраи Револютсия февралии 1917 — штабс-капитан. Павлов узви комитети солдатии полк, дивизия, корпус, баъдтар армияи 7-ум ва Фронти Ҷанубу Ғарбӣ буд. Солҳои аввали Ҷан­ги гражданӣ зидди истилогарони Германия ва зархаридони маҳалли мубориза бурда аст.

Аввали феврали 1919 қисмҳои дивизияи Н. Д. Щорс ва от­ряди партизание, ки Павлов сардорӣ ме­кард, Киевро озод карданд. Павлов солҳои 1920—21 чонишини сардори Управленияи мактабҳои ҳарбию таълимии Украина ва Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия буд. Соли 1922 Со­вети ҳарбии револютсионии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия Павловро ба Осиён Миёна фиристод. Солҳои 1922—24 вай чонишини фармондеҳ, баъдтар фармондеҳи гурӯҳи кушунҳои фронти Туркистон ва командири корпуси тирандозии 13-ум буд.

Қисмҳои корпус таҳти фармондеҳии Павлов дастаҳои босмачиёнро дар Бухорои Ғарбӣ, дастаҳои Анварпошшо ва босмачиёнро дар Бухорои Шарқӣ, дар Сурхондарё, Ҳисор, Вахш, Кулобу Балчувон барҳам задааст. Қурултои Республикаи Халқии Сотсиалистии Бухоро командири корпуси 13-ум Павловро бо ордени Ситораи Сурхи дараҷаи 1 Республикаи Халқии Сотсиалистии Бухоро, солҳои 1919, 1923 Советӣ ҳарбии револютсио­нии СССР ӯро бо 2 ордени Байрақи Сурх мукофотонид. Меҳнаткашони Республикаи Халқии Сотсиалистии Бухоро Павловро аъзои Комитети Иҷроияи Марказии Бухоро ин­тихоб карданд. Аз апрели 1924 Павлов вази­фаи мушовири ҳарбиро дар назди Ҳукумати револютсионии Сун-Ят- сен ба иҷро мерасонд. Июли 1924 Павлов дар музофоти Гуанчжоуи Хитой фоҷиавӣ ҳалок гардид.

Адабиёт: История гражданской войны в СССР. Москва, 1959; Герои гражданской вой­ны. Москва, 1963; Ирка ев М., История гражданской войны в Таджикистане. Душанбе. 1971; История гражданской войны в Уз­бекистане, том 2, Ташкент. I960.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …