Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Павлов Михаил Александрович

Павлов Михаил Александрович

Павлов Михаил Александрович (21. 1. 1863, маҳаллаи Божий Промысел, ҳоло дар ҳудуди шашри Ленко­ран — 10. 1. 1958, Москва), метал­лурги советӣ, асос­гузори мактаби советии домначиён, академики Академияи Фанҳои СССР (1932; аъзо-корреспондент 1927), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945).

Баъд аз хатми Институти кӯҳкории Петер­бург (1885) дар заводҳои металлургия ноҳияи Вятск инженер шуда кор кардааст. Дар солҳои аввали фаъолияти инженериаш кӯраҳои домнавӣ ва пудлингил заводи Климковский ва чанд заводи дигарро аз нав сохт. Солҳои 1896—1900 дар заводи Суливск бо антрасит гудохтаии металлро ба роҳ монд. Соли 1900 дар Омӯзишгоҳи олии кӯҳкории Екатеринослав (ҳозира Институти кӯҳко­рии Днепропетровск) фаъолияти пе­дагогии худро cap кард; солҳои 1904—41 профессор. Институти политехникии Петер­бург (Ленинград) буд; дар айни за­мон дар Академияи кӯҳкории Моск­ва (1921—30) ва Институти пӯлоди Мос­ква (1930—41) вазифаи профессориро адо мекард.

Павлов дар тартиб додани лоиҳаи калонтарин заводҳои металлургӣ, кӯраҳои домнавӣ ва дастгодҳои пӯлодгудозӣ иштирок дошт.

Муаллифи як қатор китобҳои дарсӣ дар соҳаи металлургия, аз он ҷумла курси «Металлургияи чӯян» аст. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1943, 1947). Бо 5 ордени Ле­нин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шуда­аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …