Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Павлов Иван Петрович

Павлов Иван Петрович

Павлов Иван Петрович (26. 9. 1849, Рязан — 27. 2. 1936, Ленин­град), физиологи советӣ, асосгузори таълимоти материалистӣ оид ба фаъолияти олии асаб ва тасаввуроти ҳозира дар боби просесси ҳазми хӯрок, академик Академияи Фанҳои Петербург (1907; аъзо-корреспондент аз соли 1901). Баъди хатми Университети Пе­тербург (1875) ва Академияи тиббии ҷарроҳи (ҳозира Академиям тиббии ҳарбӣ)-и Петербург (1879) дар ла­бораторияи С. Л. Боткин кор мекунад. оли 1883 дар мавзӯи «Асабҳои марказрави дил» диссертасияи докторӣ ҳимоя мекунад. Солҳои 1884—86 барои такмили ихтисос ба хориҷа меравад.

Аз соли 1890 профессори Академияи тиб­бии ҳарбӣ ва мудири лаборато­рияи фармакология; солҳои 1896— 1924 мудири кафедраи физиологияи ҳамин академия ва дар айни ҳол роҳбари шуъбаи физиологияи Институти тиббии таҷрибавӣ, аз соли 1925 то охири умраш директори Институти физиологияи Академияи Фанҳои СССР. Ҳокимияти Советӣ барои мунтазам давом додани тадқиқоти илмӣ соли 1921 дар деҳаи Колтуши (ҳозира Павлово)-и наздикии Ленинград ба Павлов стансияи илмию таҷрибавӣ сохта дод. Павлов оид ба гардиши хун, фаъолияти узвҳои ҳозима ва фаъолияти олии асаб тадқиқоти илмии бисёре гузаронидааст. Ӯ аввалин шуда дар ҳайвонҳои гармхун мавҷуд будани торҳои махсуси асаберо муайян намуд, ки онҳо кори дилро тез ё суст мекунанд.

Ин барои таълимот дар боби функсияи трофикии системаи асаб асоси илмӣ гардид. Павлов кошифи рефлексҳои шартӣ мебошад. Тадқиқотҳои Павлов оид ба фаъолияти олии асаб ва системаи сигналии дуюм, ки фақат барои одам хос аст, аҳамияти бағоят калон дорад ва он асоси илмии материализ­ми диалектикиро васеъ намуд. Асарҳои илмии Павлов на танҳо симои физи­ологияи муосир ва як қатор соҳаҳои ба он алоқаманди биология ва тибро муайян менамоянд, балки дар пси­хология ва педагогика низ таъсири худро боқӣ гузоштаанд. Тадқиқотҳои Павлов хусусан барои тараққиёти илми тиб аҳамияти калон доранд. Дар зери таъсири ғояҳои Павлов дар соҳаҳои терапия, ҷарроҳӣ, психиатрия, нев­ропатология ва ғайра мактабҳои калони илмӣ ба вуҷуд омаданд.

Павлов аъзо ва аъзои фахрии бисёр академия, университет ва ҷамъиятҳои ил­мии мамлакатҳои хориҷӣ интихоб шудааст. Ба Институти физиологияи Академияи Фанҳои СССР, Институти тиббии 1-уми Ленин­град, Институти тиббии Рязан ва диг. муассисаҳо номи Павлов, дода шудааст. Академияи Фанҳои СССР соли 1934 ба тадқиқотҳои беҳтарини илмӣ дар соҳаи физиология мукофоти ба номи Павлов ва 1949 барои маҷмӯи асарҳо доир ба инкишофи таълимоти Павлов ба номи ӯ меда­ли тилло таъсис намуд. Павлов барои тадқиқот дар бораи сиришти просесси ҳазми хӯрок соли 1904 сазовори Муко­фоти нобелӣ гардидааст.

Адаӣиёт.: Избранные труды, Москва, 1951; Полное собрание сочинений. том I—6, Москва, 1951—52.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …