Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Павлов Алексей Петрович

Павлов Алексей Петрович

Павлов Алексей Петрович (1. 12. 1854, Москва — 9. 9. 1929. Бад-Тёлс, Германия; дар Москва дафн карда шудааст), геологи советӣ, академики Академияи Фанҳои Петербург (1916; аъзо- корреспондент 1905). Соли 1879. шуъбаи табиатшиносии факултети физикаю математикаи Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1886 профессори ҳамин университет.

Павлов  асосан масъалаҳои стратиграфия, палеонтоло­гия, геологияи давраи чорумин, тек­тоника, геоморфология, геологияи инженерӣ ва таърихи илмҳои геологиро тадқиқ кардааст. Ӯ муаллифи чандин асарҳои илмию оммавист: «Қаъри баҳр» (русӣ, 1898), «Дарёҳо ва одамон» (русӣ, 1925). «Вулқонҳо ва зилзилаҳо, баҳрҳо ва дарёҳо»(pycӣ 1948). Павлов доир ба таълими табиатшиносӣ дар мактабҳои миёна якчанд асар навиштааст. Ӯ ноиб- президенти Ҷамъиятӣ дар Москва будаи тадқиқотчиёни табиат (1916), аъзои як қатор ҷамъиятҳои илмии Россия ва хориҷа, аз ҷумла аъзои Ҷамъияти геологии Лондон буд. Ҷамъияти геологии Франсия ӯро бо Медали тиллои ба номи Годри capфароз кардааст (1926).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …