Главная / Ҷуғрофия / Павлодар

Павлодар

Павлодар, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Қазоқистон 15 январи 1938 ташкил шудааст. Масоҳат 127,5 ҳазор километр2. Аҳолиаш 806 ҳазор нафар. (1979). Ба 12 райони маъмурӣ тақсим шуда, 4 шаҳр ва 11 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш — шаҳри Павлодар. Вилоят бо ордени Ленин (1958) мукофотонида шудааст.

            Табиат. П.авлодар дар шимоли шарқи рес­публика, дар минтақаи бешадашт, дашт ва нимдашт ҷойгир шудааст. Сарватҳои зеризаминӣ: ангиштсанг ва ангишти бӯр, маъданҳои мис ва полиметаллӣ. Дар кулҳо захираи намаки ош ва намаки глауберӣ мавҷуданд. Иқлими Павлодар континентии хушк, тобистонаш гарми бебориш. Ҳарорати миёнаи июл 20° Селсия дар шимоли, 225Селсия дар Ҷануб.; зимистонаш дароз, хунуки камбарф, сербӯрон, ҳарорати миёнаи январ—19,5°Селсия дар Шимол,—17,5°Селсия дар Ҷануб Боришоти солона 220— 240 миллиметр дар Ҷануб, 305 миллиметр дар Шамол, дар кӯҳсор 320 миллиметр. Давраи нашв 167—J7S шаборӯз. _Дарёи калонаш Иртиш. Дар вилоят кул бисёр, аксарияти онҳо шӯр. Хокаш асосан дорчинранги ти­ра ва даштӣ. Дар даштҳо аз хояндаҳо тавушқон, юрмон, харгӯш; аз даррандаҳо гург, рӯбоҳ; аз паррандаҳо шонасарак, бедона, мурғобй, лойхӯрак ва ғайра вомехӯранд. Дар дарёи Иртиш ва кӯлҳо моҳиҳои гуногун ҳаст.

            Аҳолӣ. Дар вилоят қазоқҳо, русҳо, украинҳо, тоторҳо, белорусҳо, мол- давиҳо, мордваҳо, чувашҳо, удмуртҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 5,9 кас. 54%-и аҳолӣ дар шаҳрҳо иқомат доранд. Ҳамаи шаҳрҳо

(ба ғайр аз Павлодар) ва посёлкаҳои типи шаҳрҳо дар солҳои Ҳокимияти Советӣ бунёд шудаанд.

            Хоҷагӣ. Дар вилоят саноати энер­гетика, сӯзишворӣ, металлургӣ, мо- шинсозӣ, химия, инчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ вуҷуд дорад. Энергетикаи Павлодар бо ангишти маҳалии Экибастуз ва ангишти Кузнеску Қарағанда кор мекунад. Соҳаҳои асосии саноати кӯҳкорӣ: истеҳсоли ан­гиштсанг (Экибастуз ва Майкубен), маъдани металлҳои ранга (Майқайн, Бӯзшакӯл), истеҳсоли намак (аз кулҳо), гил ва оҳаксанг (водии Ир­тиш). Қариб ҳамаи корхонаҳои саноатӣ дар Павлодар воқеъ гардидаанд.

Дар Павлодар заводи алюминий, дар шаҳри Ермак заводи феррохӯлаҳо ва ГРЭС сохта шудааст. Нефтепроводи Омск — Павлодар — Чимкент ва заводи софкории нефт кор мекунанд. Қисми зиёди замини хоҷагии қишлоқи вилоятро чарогох, марғзорҳо ташкил мекунанд. Солҳои 1954—58 дар соҳили чапи Иртиш чандин миллион гектар заминҳои бекорбехобида аз худ карда шуда, совхозҳои нави ғаллакор ташкил гардиданд. Дар вилоят аз зироати ғалладона гандуми баҳорӣ, ҷав, арзан, ҷуворимакка, марҷумак, аз зи­роати техники офтобпараст, картош­ка кишт мешаванд. Обчакорӣ ва зироати полезӣ тараққӣ кардааст. Соли 1974 вилоят 1613,8 ҳазор cap гӯсфанд, 612, 5 ҳазор гов, 100,7 ҳазор асп, 120,3 ҳазор хук, 21,1 ҳазор буз ва 2335,8 ҳазор парранда дошт. Тӯли роҳи оҳан 574 километр. Тули роҳи автомобилгард 8006 километр. Дарёи Иртиш киштигард. Роҳи ҳавоии Павлодар онро бо аксарияти марказҳои район, дигар вилоятҳо ва шахрхо мепайвандад.

            Сохтмони маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1973/74 дар 612 мактаби маълумоти умумӣ 191,7 ҳазор талаба, дар 28 мактаби касбҳои техникӣ 13,3 ҳазор, дар 12 мактаби миёнаи махсус 11,7 ҳазор хонанда, дар 2 мактаби олӣ (институтҳои индустриалӣ ва педагогӣ) 8,5 ҳазор студент мехонд. Соли 1974 дар 403 муассисаи томактабӣ 43,8 ҳазор нафар кӯдак тарбия ёфт.

Соли 1974 дар вилоят 478 китобхонаи оммавӣ, музеи кишваршиносӣ на бадеӣ (Павлодар), Музей ёдгории К. II. Сатпаев (Боя- наул), Театри драмаи ба номи Антон Павлович Чехов (дар Павлодар), 474 клуб, 564 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ, 14 хонаи пионерӣ, 3 ст. техникҳои ҷавон, 3 ст. табиатшиносони ҷавон, 19 мактаби спортии бачагона кор мекард. Газетаҳои вилоятии «Кызыл ту» («Байрақи сурх», ба забони қазоқӣ, аз соли 1929) ва «Звезда Прииртышья» (аз 1918) нашр мешаванд. Барномаҳои радио ва телевизиони марказӣ шунавонида ва намоиш дода мешаванд. Соли 1974 дар вилоят 116 муассисаи табобатии дорои 8,9 ҳазор кат (11,9 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ) буд, 1,3 ҳазор духтур (1 духтур ба 58 аҳолӣ) ба аҳолӣ хизмат мсрасонд. Вилоят курорт, хонаҳои истироҳат ва санаторияҳо до­рад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

mongolia-gorod

МУҒУЛИСТОН

МУҒУЛИСТОН, Республикаи X а л қ и и Муғулистов (Бугд Найрамдах Монгол Ард Улс). Республикаи …