Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Павличко Дмитро Василевич

Павличко Дмитро Василевич

Павличко Дмитро (Дмитрий) Василевич (таваллуд 28. 9. 1920. деҳаи Стопчатово, ҳозира райони Яблонои вилояти Ивано-Франковски Pеспубликаи Cоветии Cотсиалистии Украина), шоири советии Украин. Аъзои КПСС аз соли 1954.

Университети Лвовро хатм кардааст (1953). Муаллифи маҷмғаҳои «Муҳаббат ва ғазаб» (1953), «Замини ман» (1955), «Риштаи сиёҳ» (1958), «Тундоб» (1959), «Дар посбонӣ» (1961), «Шохаи нахл» (1962), «Гулбарг ва теғ» (1964), «Нон ва байран» (1968), «Сонетаҳои тирамоҳи Подолск» (1973), киносенарияҳои «Хоб» (1964), «Захар Беркут» (1972) ва ғайра.

Барои маҷмӯа «Днина» (1960) сазовори Мукофоти республикавии ба номи Н. Островский шудааст (1961). Эҷодиёти Павличко танқиди миллатчиёни буржуазӣ, мубориза барои сулҳ ва дигар мавзӯъҳои муҳимми рӯзро дар бар мегирад. Шеърҳои шоирони Ис­пания ва Кубаро ба забони украинӣ тарҷума кардааст. Павличко ихлосманди адабиёти тоҷик ва махсусан эҷодиёти Хайём аст. Дар пайравии Хайём як силсила рубои наввштааст. Шеъри «Ба коммунистони венгер» ва 34 рубоии Павличко ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидаанд. Бо 2 орден ва медал- ҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …