Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Павилон

Павилон

Павилон (франс. pavilion, аэ лот. papilio—хайма), 1) бинои алоҳидаи ҳаҷман хурд ё айвоншакле, ки ба табиати маҳал мувофиқ сохта шудааст. Дар забони тоҷикӣ бо истилоҳи кӯшк ифода мешавад. Аксари маъбаду қасрҳои Шарқ шакли Павилонро доранд. Дар Европа (асрҳои 18 дар Франсия ва Англия, асри 18 чоряки якуми асри 19 дар Рос­сия) Павилон ҷузъи муҳимми ансаблҳои қасру работҳо буд. 2) Қисми бинои боҳашамат, ки одатан боми алоҳида дорад. 3) Бино, растаҳои доимӣ ё муваққатӣ барои экспозисияи намоишгох, филмбардорӣ, савдо ва ғайра) Декорасияҳои театрӣ — девораҳои махсус бо тасвири ҷузъиёти ин­терер. 5) Бинои махсус дар киностудияҳо (бо истифодаи декорасилҳо, макетҳо, рушноии сунъӣ ва ғайра), ки барои наворгирии синхронӣ мувофиқ кунонда шудааст (аз ин рӯ, тиреза надорад, деворҳояш бо материала садофурубар рӯкаш шудааст).

Иқтидори киностудияҳоро аз рӯи миқдори Павилонҳояшон муайян мекунанд. Масоҳати чунин Павилонҳо аз 400 то 1800 метр2 мешавад. Онҳо бо механизмҳои махсус барои васл ё чудо кардани декорасилҳо, системаи ҳавотозакунӣ ва ғайра ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин Павилонҳои махсус — «суперпавилон»-ҳо низ ҳастанд, ки масоҳаташон зиёда аз 1800 метр2 (баъзан 2—3 павилони муқаррариро ба ҳам мепайванданд) буда, асосан барои филмбардории натуравӣ (тақлид ба асл) мутобиқ кунонда шудаанд. Онҳо хеле баланд (25 метр) буда, дорои механизмҳои мураккаб, қубурҳои обу ҳавзҳои калон (барои съёмкаҳои рӯиобиву зериобӣ) ва ғайра мебошанд. Павилонҳои барои филм- ҳои телевизионӣ истифодашавандаро кинотелепавилон меноманд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …