Маълумоти охирин

Павиан

Павиан (Papio), як ҷинси маймунҳои биниборики мансуби оилаи мартишкашаклҳост. Танаш 75—80 сантиметр, думаш 50—60 сантиметр вазнаш то 30 килограмм. Фуки дароз ва дандони тез дорад. Мӯяш дарози хокистарранги тира (баъзан мисли ёл менамоянд), дарозии дасту пойҳо қариб баробаранд, панҷаю кафи пояш кутоҳ аст.

5 намудаш (гамадрил, сфинкс, бабуин, анубис, чакма) маълум буда, дар Африка (Эфиопия, Сомали, Судон, Гвинея) ва Осиё (нимҷазираи. Арабистон) паҳн шудааст. Павиан дар болои харсангҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда зиндагӣ мекунад. Вай асосан растанӣ. ҳашарот ва тухми паррандадоро мехӯрад. Давраи ҳамлаш 170 шаборӯз; бачаашро 5—8 моҳ мемаконад; дар 3—5-солагӣ ба балоғат мерасад. Ба Павиан ҷинси маймунҳои ёлсиёҳ (Су- nopithecus), ки дар ҷазираи Сулавеси зиндагӣ мекунанд, хеле наздиканд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …