Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Паустовский Константин

Паустовский Константин

Паустовский Константин Геор­гиевич (31. 5. 1892, Москва —14. 7. 1968, ҳамон ҷо; оромгодҳаш дар шаҳри Тарусаи вилояти Карлуга), нависандаи советии рус. Ав­валин ҳикояаш («Дар рӯи об») соли 1912 ба табъ расид. Дар Университети Киев   хондааст (1911—13). Пас аз Револютсияи Октябр дар газетаҳо ва баъд дар РОСТА-ю ТАСС (1924—29) ҳамкорӣ кардааст. Асарҳои аввалинаш дорои сюжети тезу мураккаб буда, қаҳрамононаш ҳаётдӯст, душ­мани кӯҳнапарастӣ ва ташнаи capгузаштҳои романтикианд (маҷмӯаи ҳикоя ва очеркҳои «Манзараҳои баҳр», 1925; «Минетоза», 1927; «Киштиҳои рӯ ба рӯ», 1928; романи «Асрҳои ҷилодор», 1929). Повести «Қаро-Буғоз» (1932) ӯро ҳамчун нависанда машҳур гардонд.

Солҳои 30 повестҳои «Тақдири Шарл Лонсевил» (1933), «Колхида» (1934), «Бахри Сиёҳ» (1936), «Бурҷи Калби Акбар» (.1937), «Повести шимолӣ» (1938; филми ҳамном, 1960), инчунин повестҳои тарчумаиҳолии доир ба аҳли санъат «Исаак Левитан», «Орест Кип­ренский» (ҳарду-—1937), «Тарас Шевченко» (1939) офарида шудаанд. Дар «Рӯзҳои тобистон» (1937), «Дар кишвари Мешорск» (1939) ва «Алҳи хонаи кӯҳна» (1941) маҳорати баланди нависандагии Паустовский зоҳир шуд. Повести «Садбарги тиллоӣ» (1955) аз меҳнати душвори нависандагӣ ҳикоят мекунад. Солҳои зиёде ба таълифи асари тарҷумаиҳолии «Досто­ни ҳаёт» машғул буд, ки дар он аз рӯзгори худ ва ҳодисоту воқеаҳои солҳои 1919—30-и Россия ҳикоят меку­над.

Ин асар, ки дар ҳақиқат чамъбасти ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва маънавии нависанда мебошад, аз шаш китоби ба ҳам алоқаманд — «Солҳои пешин» (1945), «Айёми беқарори ҷавонӣ» (1955), «Орози асри номаълум» (1957), «Замони умедвориҳои калон» (1959), «Ҳамла ба самти ҷануб» (I960), «Оворагиҳо» (1963) иборат аст. По­вести «Колхида» (1936), маҷмӯаи ҳикояҳои «Дили ҳаросон» (1960), «Сабади ҷалғӯза» (1964), «Садбарги заррин»-и Паусвтовский (1983) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Асарҳои Паустовский ба забонҳои хориҷӣ низ тарчума шуда­анд. Бо ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медал мукофотонида шудааст.

Основание: Собрание сочинений, том 1—8, Москва. 1967—70.

Адабиёт:     Левица-и А Л., Константин Паустовский. Очерк творчества. Москва. 1969; Воспоминания о Константине Паустов­ском, Москва; 1975.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …