Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паулюс Фридрих

Паулюс Фридрих

Паулюс (Paulus) Фридрих (23. 9. 1890; Брейтенау, Гессен—1. 2. 1957, Дрезден), генерал-фелдмаршали немис-фашист (1943). Аз соли 1910 дар хизмати ҳарбӣ. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—48). Солҳои 1935— 39 сардори штаби қушунҳои танкӣ. Солҳои Ҷанги дуюми ҷадон (1939— 1945) дар давраи истилои Полша сардори штаби армияи 4-ум, дар амалиёти муқобили Франсия (1940) сардори штаби армияи 6-ум.

Аз сентябр 1940 то январи 1942 оберквартирмейстери 1-уми Штаби генералии қушунҳои хушки гард. Аз январи 1942 фармондеҳи армияи 6-ум дар Фронтн шарқӣ ва ҳуҷуми самти Сталин­град буд. 31 январ 1943 Армияи Со­ветӣ ӯро мудосира кард ва Паулюс бо қисме аз армияи худ ба қушунҳои советӣ таслим шуд. Дар вақти асирӣ (1944) ба Иттифоқи зиддифашистии офисерони немис, баъдтар ба Комитети миллим Германияи озод дохил шуд. Дар мурофиаи Нюрнберг шоҳиди айбдоркунии ҷинояткорони асосии ҳарбӣ буд. Аз соли 1953 дар Республикаи Демократии Германия истиқомат кард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …