Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЛИНГ Лайиус Карл

ПОЛИНГ Лайиус Карл

paulling-l-c

ПОЛИНГ, П а у л и н г (Раuling) Лайиус Карл (таваллудаш 28. 2. 1901, Портленд), физик ва химики америкоӣ, ходими ҷамъиятӣ. Коллеҷи Оригонро хатм карда (1922), дар Университетҳои Мюнхен, Копенгаген ва Тсюрих (1926—1927) ихтисоси худро такмил додааст. Солҳои 1922—1925 ва 1927—1964 (аз соли 1931 профессор) дар Институти технологии Калифорния дарс дода, пайваста тадқиқоти илмӣ бурд; аз соли 1969 профессори, химияи Унститути Станфорд. Раиси Ҷамъияти химикони Америка (аз 1948). Аъзои АФ Миллии ИМА. Асарҳои Полинг ба тадқиқи сохти молекула ва табиати банди химиявӣ бо усулҳои механикаи квантӣ оиданд. Полинг радиуси ионҳоро ҳисоб карда, ҷадвали онҳоро тартиб дод. Як қатор асарҳои ӯ ба биохимия, алалхусус сохти сафедаҳо, иммунохимия, омӯхтани сабаби бемориҳо ва ғайра оиданд. Полинг яке аз муборизони роҳи сулҳ аст. Вай муаллифи муроҷиатномаи олимони Америка ба президенти ИМА дар бораи фавран манъ кардани озмоиши яроқи ядроӣ (1957) мебошад, ки онро бештар аз 9 ҳазор олимон имзо карданд. Соли 1965 Полинг ба Декларатсияе имзо гузошт, ки он тамоми халқҳои ҷаҳонро бар зидди ҷанг дар Ветнам даъват мекард. Полинг лауреати Мукофоти нобелӣ оид ба химия (1954), Мукофоти нобелии сулҳ (1962), Мукофоти байналхалқии ленинӣ «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» (1970). Полинг аз соли 1958 ин ҷониб аъзои хориҷии АФ СССР мебошад.

Ад.: Общая химил, М., 1974; Природа химической связи, М.—Л., 1977.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …