Маълумоти охирин

Патхур

Патхур, қуллаест дар Помирӣ Ғарбӣ, баландтарин нуқтаи қаторкӯҳӣ Рушон. Баландиаш 6080 метр. Дар қисми марказии қаторкӯҳ воқеъ гаштааст. Теғаҳояш тези дандонадор. Дар поёни нишебиҳои атрофи қулла пиряхҳо мавҷуданд.

Аз пиряхи Марков, ки дар нишебии ҷанубӣ воқеъ гаш¬тааст, дарёи Патхур ва аз пиряхҳои нишебии шимолӣ дарёи Равмеддара (шохоби чапи Бартанг) cap мешавад. Қулла ва пиряхи Марковро бори ав¬вал соли 1937 геолог С. И. Клупников тадқиқ кардааст. Ба Патхур соли 1946 авва¬лин шуда як гурӯҳ алпинистони советӣ бо сардории Б. М. Абалаков баромада буданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …