Маълумоти охирин

Патти Аделина

Аделина Патти

Патти (Patti) Аделина (19. 2. 1843, Мадрид —27. 9. 1919, Брекнок, Уэлс), сарояндаи италиявӣ (сопранои колоратурӣ). Овози оҳангдори софу чарангосӣ ва маҳорати баланди иҷрокунандагӣ дошт. Аввалин маротиба дар саҳнаи Операи италиявии Ню-Йорк бо партияи Лючия («Лючия ди Ламмермур»-и Донисет­ти) баромад кардааст (1859). Ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла чанд карат ба Россия (консерти охиринаш соли 1904) сафари ҳунарӣ кар­дааст. Соли 1874 Аҳмади Дониш ҳангоми сафари сеюми худ ба Россия дар консерти Патти иштирок намуда, аз овози ӯ мафтун шуд ва ин шеърро ба ӯ бахшид:

Потии пориҷӣ, он сарвқади зӯҳраҷабин,

Дар табассум сғи доман зи даҳан гул мерехт.

Зулфи пурчини хамандархами ӯ дар буни гӯш

Обрӯи тарӣ аз ҷабҳаи сунбул мерехт.

Диданаш он ҳама кайфияти ҳайрат медод,

К-ӯ зи саҳбои нигаҳ дар кафи ҷон мул мерехт.

Лаҳну овози най он сон, ки ба гӯши ушшоқ

Гаҳ хаши саъва, гаҳе чаҳ-чаҳи булбул мерехт.

Аз Фитирбурх азимат чу ба Амрико кард,

Нолаҳо аз сару аз по ҳама гулгул мерехт.

Соли 1897 саҳнаи операро тарк кар­да, дар консертҳо баромад намудааст. Партияҳояш: Розина («Сартароши севилӣ»-и Ҷ. А. Россини), Амина («Сомнамбула»-и В. Белли­ни), Виолетта, Ҷилда («Травиата», «Риголетто»-и Ҷ. Верди), Маргарита, Ҷулетта («Фауст», «Ромео ва Ҷулетта»-и Ш. Гуно) ва ғайра.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …