Маълумоти охирин

Патронаж

Патронаж (франсавӣ patronage — пуштибонӣ), дар СССР як шакли ко­ри муассисаҳои муолиҷавию профилактикист. Патронаж дар хона гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ, ҷорӣ кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва беҳтар намудани шароити са­нитарию гигиении рӯзгорро дар бар мегирад. Патронажро духтурҳо, ҳамшираҳои шафқати поликлиникаҳо, фелдшер ва акушерҳои консултасияҳои занона иҷро менамоянд.

Патронажи занони ҳомила ва кӯ­дакон. Акушерка бо шароити зиндагии зани ҳомила шинос шуда, ба вай оид ба муҳайё намудани шароити мӯътадили инкишофи дохилибатнии фарзанд, ҳадду ҳудуди занон сӯҳбатҳо мегузаронад.

Патронажи беморони рӯҳӣ. Зери чунин Патронаж шахсоне гирифта меша- ванд, ки касалиашон музмин гаштааст ва ба одамони гирду атроф зарар намерасонанд. Онҳоро муассисаҳои муолиҷавӣ ҳамеша назорат карда меистанд. Хоҳарони шафқат тақрибан дар 3 моҳ як бор ба хонаи чунин беморон рафта аз шароити зиндагии онҳо хабар мегиранд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …