Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Патристика

Патристика

Патристика (аз юнонӣ pater — падар), исталоҳест, ки маҷмӯи таълимотҳои динӣ, фалсафӣ ва сиёсию иҷтимоии мутафаккирони асрҳои 2—8 масеҳиро ифода мекунад. Патристика дар шарояти бӯҳронӣ сохти чамъияти ғуломдорӣ пайдо шуда, дар мубориза ба муқобили гностисизм, ҳама гуна шаклҳои бидъат ва умуман дину оинҳои қадимӣ ташаккул ёфтааст. Патристика бо идеализми афлотуния, навафлотуния робитаи мураккаб дошт.

Давраи аввали инкишофи Патристика бо фаъолияти ба ном ҳомиёни рошидӣ алоқаманд аст. Онҳо мекӯшиданд, ки дар асоси ақидаҳои масеҳият системаи ягонаи фалсафӣ бунёд намоянд. Нуқтаи олии Патристика фаъолияти маҳфили «каппадокиҳо» мебошад. Дар нимая дуюми асри 5 асарҳои динию фалсафии Ареоиагитикҳо таълиф шуданд. Дар ин асарҳо кӯшиш шудааст, ки олам ҳамчун маҷмӯи рамзҳо шарҳ дода шавад. Дар давраи охири Патристика аҳкоми дин муқаррару мустаҳкам гардид, ди­алектикаи идеалистӣ таназзул ёфт ва илм побанди дин шуд ва ниҳоят аз тарафи Иоанн Дамаскин бунёди схоластика гузошта шуд. Баъдтар баъзе масъалаҳои Патристикаи ғарбӣ (ё худ лотинӣ) ва Патристикаи шар­қӣ (ё худ юнонӣ) ба схоластикаи Европаи Ғарбӣ ва Византия мерос монданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …