Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Патриарх

Патриарх

Патриарх Кирилл

Патриарх, (юнонӣ patriarches, аз pater — падар ва arch о — идора ме- кунам), унвони олии сарварони калисои мустақили масеҳии православӣ дар як қатор мамлакатҳо. Патриарх дар давраи ташаккули сохти феодалӣ дар натиҷаи ба шарқӣ (православӣ) ва ғарбӣ (католикӣ) тақсим шудани калисои масеҳӣ пайдо шудааст. Дар Россия Патриарх соли 1589 таъ­сис шуд. То ин давр сарвари кали­сои рус митрополит буд.

Бо розигии калисоҳои шарқӣ (православӣ) ба сарвари калисои рус унвони патри­арх доданд, ки ӯ баъди патриарҳои шарқии Константинопол, Искандария, Антиохия ва Байтулмуқаддасҳои 5-умро ишғол кард. Патриархро анҷумани иерархҳо аз ҳисоби номзадҳои таъинкардаи шоҳ интихоб менамуд. Ҳокимияти Патриарх хусусан дар давраи Никон, ки мехост мустақил шуда худро ба мутлақият муқобил гузорад, хеле пурзӯр шуд. Пётри I бар зидди мустақилияти калисо баромада, баъди вафоти Андриан соли 1721 унвони Патриархро бекор кард. Патриарх солҳои 1917—18 аз нав таъсис ва Ти­хон (Белавин) патриарх интихоб гардид. Ҳоло патриархи калисои пра­вославия рус Пимен (аз соли 1971) мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …