Маълумоти охирин

Патри

Патри, Патрас (Patrai), шаҳрест дар Юнон, дар нимҷазираи Пелопон­нес; бандар дар соҳили ҷануби шарқии халқии Патраикоси б. Ион. Маркази маъмурии вилояти Ахея. Аҳолиаш 112 ҳазор нафар (1971). Стансияи роҳи оҳан, аэродром дорад.

Соҳаҳои саноаташ: бофандагӣ, хӯрокворӣ, коғаз, пойафзол, химия ва коркарди металл. Ба хориҷа афлесун, лимӯ. равғани зайтун, вино мебарорад. Дар шаҳр университет (аз 1966) ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …