Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Патон Евгений Оскарович

Патон Евгений Оскарович

Патон Евгений Оскарович

Патон Евгений Оскарович (4. 3. 1870, Нисса —12. 8. 1953, Киев) олими советӣ дар соҳаи кафшер ва сохтмони пул, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина (1929), ноиб-президенти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина АФ РССУ (1945— 52), Қаҳра мони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1943). Аъзои КПСС аз соли 1944. Институти поли- техникии Дрезден (1894) ва Институти инженерони роҳи оҳанро дар Петер­бург (1896) хатм намуда, сипас дар роҳҳои оҳани Россия кор карда­аст.

Аз соли 1898 дар Омӯзишгоҳи инженерии Москва дарс гуфт, аз соли 1905 профессори Институти политехникии Ки­ев ва солҳои 1921—31 сардори стансияи озмоиши купрукҳо буд. Аз соли 1929 Патон бо масъалаҳои кафшери электрӣ шуғл варзид, бо ташаббуси ӯ дар назди  Академияи Фанҳои Республикаи Сосетии Сотсиалистии Украина лабораторияи каф­шер таъсис гардид, ки сонитар (1934) ба Институти тадқиқоти илмии кафшери электрӣ табдил ёфт. Патон аз рӯзи таъсиси институти мазкур директори он буд. Соли 1945 институти мазкур номи Патонро гирифт.

Асарҳое, ки Патон дар соҳаи кафшери электрӣ таълиф кардааст, ба проблемаҳои автоматонидани просессҳои кафшерӣ, ҷорӣ намудани усулҳои бо флюс (маводи гудозовар) кафшеркунӣ, дарёфтани усулҳои кафшеркунии пӯлодҳои махсус ва дар саноат тадбиқ намудани усулҳои навтарини кафшеркунӣ ман­субанд. Бо иштироки ӯ дар истеҳсолоти кафшерӣ аввалин растаи каф­шеркунӣ бунёд карда, аппаратураи кафшеркунии автоматӣ сохта ва усули саноатии кафшеркунии ғул- баю турбопроводҳо ва ғайра ба вуҷуд оварда шуданд.

Соли 1953 дар Киев таҳти роҳбарии Патон аз болои дарёи Днепр пули яклухткафшершуда сохта шуд, ки_ барои абадӣ гардондани хотираи ӯ онро Пули Патов номидаанд. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2— 3). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941). Бо 2 орденн Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …