Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Патон Борис Евгеневич

Патон Борис Евгеневич

Патон Борис Евгеневич

Патон Борис Евгеневич (таваллуд 27. 11. 1918, Киев), олими советӣ дар соҳаи металлургия ва кафшер, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина (1958), аз 1962 президенти он, академики Академияи Фанҳои СССР (1962), аз 1963 аъзои Президиуми он. Ду ка­рат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1978), писари Е. О. Патон. Аъзои КПСС аз соли 1952. Директори Институтити кафшери электрии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Украина(аз соли 1953).

Таҳти роҳбарии Патон усули комилан нави ба истилоҳ кафшери электродажғолӣ бунёд карда шуд, ки бо ёрии он масъалаи истеҳсоли нодиртарин зарфҳои баландфишори ба­рои саноати энергетика ва химия, қисмҳои калонҳаҷми киштиҳои баҳрӣ, гидрогенераторҳо ва ғайра зарур ҳал карда шуданд. Дар бобати ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ татбиқ намудани усулҳои наву самараноки кафшери электрӣ кори зиёдеро анҷом дод; дар СССР барномаи комплексона  тараққӣ додани истеҳсолоти кафшерӣ, илм ва техникаро пеш гузошт.

Патон усули нави беҳтар намудани сифати пӯлод ва хӯлаҳои махсусро пеш ниҳод. Аъзои Комитети Марказии КПСС аз соли 1966 (номзад ба аъзоӣ аз соли 1961). Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6—11). Ла­уреата Мукофоти давлатии СССР (1950) ва Мукофоти ленинӣ (1957). Аъзои академияҳои Булғория (1969) ва Чехословакия (1973). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …