Маълумоти охирин

Патом

Патом (кӯҳсори Патом), кӯҳсорест дар байни дарёҳои Витим ва Чара (вилояти Иркутски Республикаи Совети Федеративии Сотсиалистии Россия). Патом аз кӯҳҳои начандон баланд (1200—1300 метр) иборат буда, онҳоро водиҳои чуқур аз ҳам ҷудо кардаанд. Китъаҳои  баландтаринаш дар Ҷануби Шарқ воқеъ гаштаанд (кӯҳи Лонгдор то 1924 метр).

Патом аз варақсангҳои кристаллӣ, оҳаксанг ва кварситҳои давраи протерозоӣ ва аз ҷинсҳои давраи палеозои поён таркиб ёфтааст. Нишебиҳои то 900— 1100 метрро тайган кӯҳӣ ва аз 1200 метр болотарро тундраи санглох фаро гирифтааст. Дар Бодайбо, Артёмовск ва дигар ҷойҳо тилло истихроҷ мекунанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …