Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Патет-Лао

Патет-Лао

Патет-Лао (аз лаой — Мамлакати Лао), номест, ки аз тарафи ҳаракати миллии Лао Иссара баъди шӯриши зидди мустамликадорӣ (октябри 1945) ба Лаос дода шудааст. Фронти ягонаи миллии Лаос ҳам, ки соли 1950 ташкил шуда буд, одатан Патет-Лао номида мешуд. Ба маънои васеаш ҳаракати миллӣ-озодихоҳиеро, ки ба он ҳамин фронт роҳбарӣ менамуд, Патет- Лао меномиданд.

Патет-Лао ҳамчун номи дигари Фронти ватанпарварони Лаос (ФВЛ), ки соли 1956 ташкил ёфта буд, истифода бурда мешавад. Бо роҳбарии Фронти ватанпарварони Лаос  декабри 1975 халқи Лаос ҳукумати мутлақро сарнагун карда, ташкил ёфтани Республикаи Халқии Демократии Лаосро эълон намуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …