Маълумоти охирин

Патент

Патент (лотинӣ. patens — шаҳодатнома, санад), 1) ҳуҷҷатест, ки эътирофи давлатии ҳалли техникии ихтироъро тасдиқ карда, ба дорандаи он ҳудуди комили ихтироъкориро медиҳад. Патент дар территорияи давлате эътибор дорад, ки онро додааст. Мӯҳлати эътибори Патентро низ қонунгузории миллӣ (ҳамчун қоида ба мӯҳлати 15—20 сол) муқаррар менамояд. Ҳангоми додани Патент андози патентӣ ситонда мешавад. Патент бо баъзе асосҳо ва тартибе, ки қонунгузории миллӣ муқаррар кардааст, метавонад бекор карда шавад.

Дорандаи Патент ба истифодаи ихтироъ ҳуқуқи комил дорад. Агар ихтироъ бе ризоияти дорандаи Патент истифода ша­вад, ӯ дар бораи ситондани товони зарар ва манъ кардани амалиётҳое, ки боиси вайронкунии Патент мегарданд, ба суд даъво карда метавонад. До­рандаи Патент ҳақ дорад аз ҳуқуқҳои худ ба ихтироъ даст кашад ва ба дигарон иҷозат диҳад, ки аз ихтирои ӯ истифода баранд. Қонунгузории як қатор мамлакатҳо баъзе маҳдудиятҳои ҳуқуқи дорандаи Патентроро муқаррар намудааст.

Дар СССР Патент яке аз шаклҳои ҳифзи ҳуқуқии ихтироъ буда, онро одатан, фақат хориҷиён истифода бурда метавонанд. Шакли дуюм ва бештар маъмули ҳифзи ҳуқуқи их­тироъ шаҳодатномаи муаллифӣ мебошад. 2) дар баъзе давлатҳои буржуазӣ ҳуҷҷатест, ки барои ба савдо, ҳунармандӣ ва машғул шудан ба ягон касб ҳуқуқ медидад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …