Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Патанҷалӣ

Патанҷалӣ

Патанҷалӣ (асри 2 то милод), фило­лог ва файласуфи Ҳинди Қадим. Асари Патанҷалӣ «Мадабдашйа» («Тафсири бузург»), ки дар тафсиру шарҳи грамматикаи Панини ва асарҳои Катиайана (аз он ҷумла «Варттика» — асарест дар танқиди китоби Панини) таълиф шудааст, яке аз манбаъҳои қадимтарин оид ба сан­скрит, шеваҳо ва ҷиҳатҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоии Ҳиндӣ мебошад. Патанҷалӣ масъалаҳои фалсафи дуализми фалсафаи ҳиндии «санкҳйа»), тиб (назариёти ӯ дар рисолаи тиббии «Чарака-самҳита>> инъикос ёфтаанд), эҷоди бадеиро тадқиқ мекард, барои актёрон дастур тартиб медод («Ната-сутра»).

Ода- тан, Патанҷалӣ— муаллифи «Маҳабҳашйа» (асри 2 то милод) ва Патанҷаллии ди- гар — асосгузори системаи динии идеалистии «йога», муаллифи «йога- сутра» («Таълимот дар бораи йо­га» )-ро як кас мепиндоранд. Вале, зоҳиран, 2 шахс бо номи Патанҷалӣ умр ба cap бурдаанд. Образи Патанҷалӣ дар уқнумҳо ба сурати махлуқи асотирӣ (бо сари инсони ва андоми мор, ки дар тоҷаш сурати панҷ мор нақш шуда буд) тасвир ёфтааст. Муҷассамаҳо ва расмҳои Патанҷалӣ дар маъбадҳои шивапарастии Ҳиндустони Ҷанубӣ (шаҳри Чидамбарам) мавҷуданд. Патанчалиро, ки дар гузашта шахси таърихӣ буд, шивапарастон чун таҷассуми эзиди Анантишвара ва Шива меситоянд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …