Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастхамии Кумаю Манич

Пастхамии Кумаю Манич

Пастхамии Кумаю Манич, пастии тӯлонии новамонандест, ки Кавкази Пешро аз ҳамвории Европаи Шарқӣ ҷудо мекунад. Пайдоишаш тектоникист. Бараш 20-—30 км; дар қисми марказӣ то 1—2 км. Пастхами дар давраи антропоген гулӯгоҳе буда, баҳрҳои Каспий ва Сиёҳро бо ҳам мепайвастааст.

Ҳоло ин ҷойро силсилаи кӯлу обанборҳо фаро гирифтааст: кули Манич-Гудило (кӯли аз ҳама калонтарин ва обаш шӯр) ва ғайра, обанбори Веселовский, ки дарёи Манич аз он ибтидо гирифта ба дарёи Дон мерезад. Шарқтар, дар ҷои маҷрои хушкида истодаи Маничи Шарқӣ, канали Кумаю Манич сохта шудааст. Интиҳои шарқии пастхамӣ поёноби дарёи Кума мебошад. Сарҳади шартии байни Европа ва Осиёро одатан ва Пастхамии Кумаю Манич мегузаронанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …