Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастхамӣ

Пастхамӣ

Пастхамӣ, чуқурии рӯи заминро гӯянд, ки атрофаш тамоман ё қисман бастааст. Бараш одатан ба даҳҳо, садҳо ва баъзан ҳазорҳо килоиетр мерасад (масалан, Пастхамиҳои Тарим, Сариқамиш, Фарғона ва ғайра). Пастхамӣ бештар дар натичаи ҳаракатҳои тектоникӣ пайдо мешавад. Одатан қаъри Пастхамиҳои тектоникӣ аз ҷинсҳои терригению вулқоногенӣ таркиб ёфтаанд. Дар ҷойҳои камҳаракати қишри Замин (дар платформаҳо) Пастхамиҳо гирда, изометрӣ, дар ҷойҳои серҳаракат (геосинклиналҳо, кишварҳои кӯҳӣ) дарозрӯя мешаванд.

Просессҳое, ки дар мантияи болоии Замин рӯй медиҳанд, боиси ба вуҷуд омадани Пастхамиҳои тектоникӣ мегарданд. Қаъри уқёнусҳо низ Пастхамӣ дорад (масалан, Пастхамии Мариана — 11022 метр ва Пастхамии Тонга — 10882 метр дар уқёнуси Ором). Пастхамиҳои денудасионӣ ба пиряхӣ, золӣ, эрозионӣ, гравитасионӣ, карстӣ, суффозионӣ ва термокарстӣ ҷудо меша­ванд. ‘Пастхамиҳои пайдоишашон вулқонию тектоникӣ навъи махсуси Пастхамӣ мебошанд. Пастхамиро баъзан ҳамчун муродифи истилоҳҳои хамӣ, депрессия, фу­рӯхамидаи тектоникӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …